Вижагихои як зартуштй
Posted by zandguy on October 3, 2008
Вижагихои як зартуштй
Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп
Ба хушнудии Ахуро Маздо!
Дуруд бар фарвахри Маздяснон.
Затуштй – бехдин будан гунаи БОВАРМАНДЙ – ИМОН доштан ба дине аз суи офаидагор Додор Ахуро Маздо мебошад.
Зартуштй хам хамчун яхудй, месехй, хинду ва … як диндор аст ва аз ин ру хамчун дигар диндорон боядхо ва набоядхоро аз суи худо, пайгамбари дин (Ашу Зартушт) ва АШАВАНи дин дар пеш дорад, ки бояд бо андеша, гуфтор ва кирдор бадонхо рафтор кунад.
Як зартуштй чунин вижагихое дорад:
1. Бовар доштан ба Ахуро Маздо ва Амшоспандон – ба номи офаидагори чахон ва шахиёри он.
2. Бовардоштан ба пайгамбар Ашу Зартушт, ки аз суи Ахуро Маздо ба рохбари ростй дар чахон баргузида шудааст.
3. Бовар доштан ба АВЕСТО ва МАНТРЕХ-хо (МАНТРЕВАНЙ), ки суханони эзадй хастанд.
Дар инчо фаромуш нашавад, ки зартуштй ба Авесто ба номи номаи дини бехй ва суханони Ахуро Маздо бовар доранд, на ба ГОТХО ба танхой. Зеро Готхо хам бахше аз Авесто аст ва хар кас ки ба Авесто бовар дошта бошад, ба Готхо низ бовар дорад.
4. Бовар доштан ба анчумани МУГОН ба номи нигахбони оташи човидон ва омузгорони сухани эзадй.
Дар ин бахш, зартуштй ба анчумани Мугон бо рохбарии Мубадони Мубад бовар дорад. Ин анчуман ки аз хирбадон, дастурон, мубадон ва мубадони мубад гирд омада аст, кори нигахбонй аз оташи човидон, омузиши дин ва барпоии фарханг (суннат)-и динро ба ниёзи руз бар душ доранд.
5. Пушидани СЕДРЕХ ва бастани КУШТЙ ва хондани намозхои БОЯСТА (бояста – вочиб).
6. Рафтан ва анчоми чашанхо (чашнхо) ва оинхои дин.
7. Доштани андеша, гуфтор ва кирдори нек.
Акнун як зартушти ё бехдинро бо шиносхои боло метавонед бишиносед. Чунончй касе, ки дар яке аз ин шиносхои боло нагунчад, ё ба яке аз онхо бовар надошта бошад, зартуштй нест, агарчй падаронаш бехдин будаанд, зеро дин аз хун намеояд ва аз андеша, гуфтор ва кирдор меояд.