Анчуман
Ба хушнудии Ахуро Маздо!
Рох дар чахон якест ва он рох ростист.
Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек.
Дуруд бар Шумо ирониёни нажода ва фарзандони ростини Бузург Вахшури Ориёй Пайгамбар Ашу Зартушти Спитамон.
Коркардхо ва барномахои ин анчуманро дар сухане кутох чунин метавон ном бурд:
1. Омузиши дини бехии Маздоясно бадон гунае, ки пайгамбар Ашу Зартушт омузиш додаанд, ки хамон шеваи омузиши Анушервони Сосонй – Дастур Озарбед Мехр Испандон аст.
2. Кори дигари анчуман – гирди хам овардани бехдинон, ирониёни механдўст ва хама порсизабонон ва дустдорони фарханг ва андешаи Ирони Бостон.
3. Сухан рондан ва зинда нигох доштани чашнхо ва оинхои зартуштй ва бостонй хамчун Наврузи Чамшедй, Мехргон, Садда, Гохонборхо ва…
4. Посухгуй ба пурсишхои хамвандони анчуман перомуни дини бехии Маздоясно, гузаштаи Ирони Бостон ва бузургони Ирон, забонхои иронй ва…
5. Дар ин анчуман ба он даста аз хамвандон, ки мехоханд ба дини бехй седрэпуш шаванд, кумак хохад шуд, то боз битавонанд ба дини шукухманди ниёкони худ бозгарданд.
Рузи Мехр аз мохи Мехр (Мехргон)-и соли 2008
Дилшод
Ба хушнудии Ахуро Маздо!
Дуруд бар фравахри Маздяснон.
Хамванди арчманди Анчуман, дар ин анчуман Шумо метавонед бо Дини Бехии Маздясно ошно бишавед ва омузишхои пояй ва боястаи онро биёмузед. Пас аз омухтани омузишхо, чунончи ин омодагиро худ бубинед, ки мехохед ба Дини Бехй пазириш шавед, Хамдинони Зартуштй метавонанд дар ин рох кумакёр ва рахнамои Шумо бошанд.
Аз барои дархости Сэдрэ пушй, ба нишонии зер биравед:
http://www.bozorgbazgasht.com/become-zartoshti.html
ва ному нишонии тамоси худро бидихед, то Хамдинон битавонанд бо Шумо тамос бигиранд ва кумакёр бошанд.