ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Posts Tagged ‘Дини Бехй’

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Posted by zandguy on October 25, 2010

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Мўбад Комрон Чамшедй

(Баргардони Дилшод Азимов)

Posted in Авесто, Ашу Зартушт, Бехдин, Омузиш, Сиёсат | Tagged: , , , , , , , , , , , , , , , , | Leave a Comment »

Ормони дини бехй

Posted by zandguy on September 30, 2010

Ормони дини бехй


Posted in Бехдин, Готхо, Омузиш | Tagged: , , | Leave a Comment »

Ашу Зартушт танхо пайгамбаре ки Бехдинон мешиносанд

Posted by zandguy on November 7, 2008

Ашу Зартушт танхо пайгамбаре ки Бехдинон мешиносанд

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри Маздяснон!

 

Ин нома аз чанд ру навишта мешавад.

Нахуст ин ки пурсише перомуни Ашу Зартушт фармуда шуд, ки оё Ашу Зартушт пайгамбар аст ё фармонраво ё рахокунанда?

Дуввум ин ки имрузхо дар бораи пайгамбарии Ашу Зартушт сухане гуфта мешавад, ки бархе аз душманони дини бехй ва фарханги Маздой мехоханд бо камранг кардани чойгохи ин омузгори бузурги ориёии дини поки Ахур Маздро ба нобудй бикашанд.

 

Ба бовари дини бехй, оташкада ва бехдинон ё бехтар гуфта шавад ба бовари фарханги дин ва Авесто Ахуро Маздо ки хамон Худо мебошад як пайгамбар ва ё Омузгор ба миёни мардумон фиристод, то онхоро аз дуруг ва нодонй ба суи ростй ва рушной рахнамой кунад.

Ин омузгор касе магар Ашу Зартушти Испитамон фарзанди Пурушасп ва Дугду нест.  Марде ки тавонист бо омузишхои ахурой ва рости худ шоханшохе хамчун Хахоманишиён, Ашкониён ва Сосониро падид оварад. Ин мард хамон аст ки аз паи омузишхо ва оини покаш бузургтарин дигаргунии кишоварзй дар гохи Анушервон Дориюши Бузурги Хахоманишй падид омад.

Оре, хамон гуна ки Ахуро Маздо дар Готхо мегяд, касе магар Ашу Зартушт нахохад тавонист бо дуруг дарбиёвезад ва сухани ахуроиро ба гуши мардумон бирасонад.

 

Дустоне ки мехоханд бехдин шаванд ва ё бехдин хастанд ба ин чанд сухан гуши чон диханд, зеро дар бовари як бехдини ростин, дини бехй ва оташкада дини Ахуро Маздо чунин аст (хар чо ки дини бехй гуфта мешавад, ба чами он аст ки ба бовари дини бехй, оташкада ва бехдинон ва ба вижа Ашу Зартушт чуни наст):

Нахуст, дини бехй танхо як худо ё офаридагор дар чахон мешиносад ва он Ахуро Маздо аст. Ахуро Маздо худои бовархои Ашу Зартушт ва Готхо аст. Ахуро Маздо хамон Аллох, Яхова ва ё худои Масех нест. Ин суханон ки хамаи ин худохо яке хастанд ва… дар дини бехй ва чашми бехдинон ва ё дар чашми оташкада хеч арзише надорад ва барои бехдин худо – Ахуро Маздо ва хамин ва бас!

Дуввум, Ашу Зартушт ё дини бехй танхо як дин мешиносад ва он дини бехй аст на бештар. Бехдин хеч динеро магар дини бехй аз суи худо намедонад; чи Ислом, чи Масех ва ё чи… бошад. Дар бовари Ашу Зартушт, ки рушан дар Готхо омада аст, танхо рохи растагорй дини бехй ё ба забони дигар омузишхои Ашу Зартушт аст ва на чизи дигар.

Ва севвум, аз диди дини бехй, оташкада, ки аз дин чудо нест ва бехдинон – танхо як пайгамбар аз суи Яздон омада аст ва вай касе магар Ашу Зартушт нест. Дини бехй хеч касро магар Вахшури Бузурги Ориёй пайгамбар ё намояндаи худо намедонад. Ва агар касе дар бораи дини бехй сухани дигар гуяд бидонед ё гачастак аст ё аз дини Ахуро Маздо огох нест.

 

Дар поён, оре Ашу Зартушт яз суи Ахуро Маздо ба чойгохи пайгамбарй расид ва эшон нахустин ва омузгори мардумон хохад буд, то омадани шох Бахроми Вачованд, Пашеютан ва…

 

Дар панохи ростй бошед!

Posted in Ашу Зартушт, Бехдин, Омузиш | Tagged: , , | Leave a Comment »

Омузиши чанд вожаи динй

Posted by zandguy on October 16, 2008

Омузиши чанд вожаи динй

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри покон!

 

Аз он ру ки пайвастагони анчуман ё бехдинон хастанд, чи дар шиноснома ва чи дар андеша ва кирдор, ё мехоханд ба дини бехй ва омузишхои Ашу Зартушт ошно шаванд, бар он шудам ки номаи кутох дар сухан аз чанд вожаи дини бехй бинависам.

 

Нахуст дустони гиромй, касеро ки аз омузишхои Ашу Зартушт пайравй мекунад ва дини эшонро дар андеша ва кирдор дорад, бехдин мегуянд на зартуштй. Ба кор бастани вожаи зартуштй барои бехдинон чун ба кор бастани вожаи мухаммадй барои мусалмонон мебошад.

 

Фаромуш накунед ки дар суханронихои дини бехй, забонхои бостонй бехдинонро зартуштй низ гуфтаанд. Бо ин хама дурусти он бехдин аст ва хар касе ки ин вожаро (бехдин) ба кор мебарад нишонгари огохиаш аз фарханги дин аст. Аз суи дигар дини Ашу Зартуштро дини бехй гуянд.

 

Паёми чанд вожжа:

 

Ашу – пок, ростгаро, касе ки аз Доти Ашо ё рохи ростй пайравй мекунад.

Дин – хиради огох

Бехй – некуй, некй ва ростй

Дини бехй – хиради огох ва донное, ки ростиро меёбад

Бехдин – касе ки ростиро чарог ва пешаи хирад мекунад

 

Дар панохи ростй бошед!

 

Posted in Омузиш | Tagged: , , | Leave a Comment »

Вижагихои як зартуштй

Posted by zandguy on October 3, 2008

Вижагихои як зартуштй

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри Маздяснон.

Затуштй – бехдин будан гунаи БОВАРМАНДЙ – ИМОН доштан ба дине аз суи офаидагор Додор Ахуро Маздо мебошад.

Зартуштй хам хамчун яхудй, месехй, хинду ва … як диндор аст ва аз ин ру хамчун дигар диндорон боядхо ва набоядхоро аз суи худо, пайгамбари дин (Ашу Зартушт) ва АШАВАНи дин дар пеш дорад, ки бояд бо андеша, гуфтор ва кирдор бадонхо рафтор кунад.

Як зартуштй чунин вижагихое дорад:

1.       Бовар доштан ба Ахуро Маздо ва Амшоспандон – ба номи офаидагори чахон ва шахиёри он.

2.       Бовардоштан ба пайгамбар Ашу Зартушт, ки аз суи Ахуро Маздо ба рохбари ростй дар чахон баргузида шудааст.

3.       Бовар доштан ба АВЕСТО ва МАНТРЕХ-хо (МАНТРЕВАНЙ), ки суханони эзадй хастанд.

Дар инчо фаромуш нашавад, ки зартуштй ба Авесто ба номи номаи дини бехй ва суханони Ахуро Маздо бовар доранд, на ба ГОТХО ба танхой. Зеро Готхо хам бахше аз Авесто аст ва хар кас ки ба Авесто бовар дошта бошад, ба Готхо низ бовар дорад.

4.       Бовар доштан ба анчумани МУГОН ба номи нигахбони оташи човидон ва омузгорони сухани эзадй.

Дар ин бахш, зартуштй ба анчумани Мугон бо рохбарии Мубадони Мубад бовар дорад. Ин анчуман ки аз хирбадон, дастурон, мубадон ва мубадони мубад гирд омада аст, кори нигахбонй аз оташи човидон, омузиши дин ва барпоии фарханг (суннат)-и динро ба ниёзи руз бар душ доранд.

5.       Пушидани СЕДРЕХ ва бастани КУШТЙ ва хондани намозхои БОЯСТА (бояста – вочиб).

6.       Рафтан ва анчоми чашанхо (чашнхо) ва оинхои дин.

7.       Доштани андеша, гуфтор ва кирдори нек.

Акнун як зартушти ё бехдинро бо шиносхои боло метавонед бишиносед. Чунончй касе, ки дар яке аз ин шиносхои боло нагунчад, ё ба яке аз онхо бовар надошта бошад, зартуштй нест, агарчй падаронаш бехдин будаанд, зеро дин аз хун намеояд ва аз андеша, гуфтор ва кирдор меояд.

Posted in Бехдин | Tagged: , , | Leave a Comment »

 
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.