ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Posts Tagged ‘Зартуштй’

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Posted by zandguy on October 25, 2010

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Мўбад Комрон Чамшедй

(Баргардони Дилшод Азимов)

Posted in Авесто, Ашу Зартушт, Бехдин, Омузиш, Сиёсат | Tagged: , , , , , , , , , , , , , , , , | Leave a Comment »

Оё хар ирондуст бехдин ва хар бехдин ирондуст аст?

Posted by zandguy on October 29, 2008

Оё хар ирондуст бехдин ва хар бехдин ирондуст аст?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри Маздяснон!

 

Ин ду нома аз он су навишта мешавад ки дигарсонй (тафовут) миёни бехдин ё зартуштй буданро бо ирондуст будан дарёбед ва дар поён битавонед як бехдинро аз як ирондуст ё механдуст бишиносед.

 

Хамонгуна ки медонед, имрузхо дини бехй дар чахон миёни ирониён ва анирониён дар густариш аст ва то кунун бисёре ба оини Маздясно сэдрэпуш шудаанд.

Дар миёни ин сэдрэпуш шудагон гуфтугу бар сари он ки абзори санчиши бехдин будан чист ва бехдин кист бисёр аст. Дар ин миён бисёре аз ирониёни хаммехани мо бар ин бовар хастанд ки чун Иронро дуст доранд аз Ислом безорад ё ин ки чун дини бехй дини ниёконашон будааст, пас онхо ба хамин осонй бехдин ё зартуштй хастанд. Дар ин нома ва номаи пасин кушиш мешавад, ки сухане кутох перомуни «Оё хар ирондуст бехдин ё хар бехдин ирондуст аст?» навишта мешавад.

 

Дустони гиромй, хамонгуна ки медонед, акнун 1400 сол аст ки андешаи фарзандони Оллох дар хоки Иронвич ба зури шамшер бар мардумони мо ситам мекунад. Аз ин руст, ки бисёре аз мардумон ба Ислом аз сари душманй баромадаанд ва дигар худро мусалмон намедонанд. Ин мардум 2 гурух хастанд:

Нахуст гурухе ки худро хирадгаро ё материализм медонанд ва хеч дин ё падидаи бартаре ба номи худоро намепазиранд ва бисёре аз инхо худро фарзандони Анушервон Куруши Бузурги Хахоманишй медонанд. Бар хамин дидгох аст ки худро зартуштй ё навбехдин медонанд.

Гурухи дуввум худро механдуст ва душмани тозй, турк ё мугул ва хар бегонае медонанд, пас бар ин бовар хастанд ки хамчун ниёконашон бехдин ё зартуштй хастанд.

 

Боястй бидонед ки аз диди дини бехй харду нодуруст мебошад ва хечкадом дар дини Ахуро Маздо ва ё Ашу Зартушт бехдин нестанд. Механдуст ё гохе нажодпараст хастанд.

            Дар номаи пасин перомуни ин ки пас чи касе бехдин ё зартуштй аст ва оё бехдин механдуст ба гунаи нажодпараст аст сухан меравад.

 

Дар панохи ростй бошед!

 

Вижагихои як зартуштй

http://behdin.wordpress.com/2008/10/03/zartoshti/

Бехдин кист?

http://behdin.wordpress.com/behdin/

Posted in Бехдин, Сиёсат, Хувият | Tagged: , , | Leave a Comment »

Вижагихои як зартуштй

Posted by zandguy on October 3, 2008

Вижагихои як зартуштй

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри Маздяснон.

Затуштй – бехдин будан гунаи БОВАРМАНДЙ – ИМОН доштан ба дине аз суи офаидагор Додор Ахуро Маздо мебошад.

Зартуштй хам хамчун яхудй, месехй, хинду ва … як диндор аст ва аз ин ру хамчун дигар диндорон боядхо ва набоядхоро аз суи худо, пайгамбари дин (Ашу Зартушт) ва АШАВАНи дин дар пеш дорад, ки бояд бо андеша, гуфтор ва кирдор бадонхо рафтор кунад.

Як зартуштй чунин вижагихое дорад:

1.       Бовар доштан ба Ахуро Маздо ва Амшоспандон – ба номи офаидагори чахон ва шахиёри он.

2.       Бовардоштан ба пайгамбар Ашу Зартушт, ки аз суи Ахуро Маздо ба рохбари ростй дар чахон баргузида шудааст.

3.       Бовар доштан ба АВЕСТО ва МАНТРЕХ-хо (МАНТРЕВАНЙ), ки суханони эзадй хастанд.

Дар инчо фаромуш нашавад, ки зартуштй ба Авесто ба номи номаи дини бехй ва суханони Ахуро Маздо бовар доранд, на ба ГОТХО ба танхой. Зеро Готхо хам бахше аз Авесто аст ва хар кас ки ба Авесто бовар дошта бошад, ба Готхо низ бовар дорад.

4.       Бовар доштан ба анчумани МУГОН ба номи нигахбони оташи човидон ва омузгорони сухани эзадй.

Дар ин бахш, зартуштй ба анчумани Мугон бо рохбарии Мубадони Мубад бовар дорад. Ин анчуман ки аз хирбадон, дастурон, мубадон ва мубадони мубад гирд омада аст, кори нигахбонй аз оташи човидон, омузиши дин ва барпоии фарханг (суннат)-и динро ба ниёзи руз бар душ доранд.

5.       Пушидани СЕДРЕХ ва бастани КУШТЙ ва хондани намозхои БОЯСТА (бояста – вочиб).

6.       Рафтан ва анчоми чашанхо (чашнхо) ва оинхои дин.

7.       Доштани андеша, гуфтор ва кирдори нек.

Акнун як зартушти ё бехдинро бо шиносхои боло метавонед бишиносед. Чунончй касе, ки дар яке аз ин шиносхои боло нагунчад, ё ба яке аз онхо бовар надошта бошад, зартуштй нест, агарчй падаронаш бехдин будаанд, зеро дин аз хун намеояд ва аз андеша, гуфтор ва кирдор меояд.

Posted in Бехдин | Tagged: , , | Leave a Comment »

 
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.