Мўбад Комрон Чамшедй
(Баргардони Дилшод Азимов)
Posted by zandguy on October 25, 2010
Posted in Авесто, Ашу Зартушт, Бехдин, Омузиш, Сиёсат | Tagged: Авесто, Амшоспандон, Ашу Зартушт, Бахман, Бехдин, Гохонбор, Дин, Дини Бехй, Зартуштй, Мубад, Озодй, Омузиш, Ормон, Офарингон, Сиёсат, Фарханг, Хукумат | Leave a Comment »
Posted by zandguy on October 14, 2008
Офарингон ва чигунагии чон бохтани Пайгамбар Ашу Зартушт
Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп
Ба хушнудии Ахуро Маздо
Дуруд бар фарвахри Маздяснон.
Офарингон ва чигунагии чон бохтани Пайгамбар Ашу Зартушт мохи Дейи гузашта аз чашни Дейгон аз дидгохи дигар низ вижа аст. Пайгамбар ва Махиндастури нажоди Ориёй дар Хур руз аз Дей мох ба гохшумории Авестой, баробар ба 5 Дей мох ба гохшумории кунунй чони худро дар рохи Ирон ва дини поки Ахуро Маздо пешкаши Додор Ахур Мазд кард, ки достони ин руйдод ба кутохсухан чуни наст:
Арчоспи Туронй, ки аз душманони савганд хурдаи Ирон ва оини Маздясно буд, барои табохии Ирон ва дин яке аз испахбудони хунхури худ ба номи Тур Беротур-ро ба пойтахти он рузи Ирон ки шахри Бохтар (хамон шахре, ки Балх ном гуяндаш) бифиристод. Дар он Хангом шохи Ирон Анушервон Кай Гуштосп ва пахлавони руинтани Маздяснон Анушервон Испандиёр дар шахр набуданд, то сипохи Иронро испахбудй кунанд.
Бо он ки ирониён барои нигох доштани шахру бурч ва боруи он даст ба хар чонбозй заданд, дар поён чун дар дижхои шахр зиндонй шуда буданд ва дастрасй ба хурок надоштанд, шикаст хурданду дарвозахо шикаста шуд ва турониён ба шахр омаданду кучак ва бузургро аз дами тег гузарониданд. Дар ин Хангом Ашу Зартушт ки хамрохи 80 тан аз Мубедон ба оташгох барои ситоиш рафта буданд, бо он ки бисёр пойдорй карданд ба дасти он Девяснон чон бохтанд.
Ашу Зартушт 70 сол ва 40 руз дошт ки чон бохт ва аз худ омузишхо ва сурудхои дилнишин ва човидон ёдгор гузошт, ки акнун аз он омузишхо барои пешгуфтори созмони мардумон (СММ) бахра мегиранд.
Достони чигунагии чон бохтани Ашу Зартушт ва ёронаш ба гуфтаи Шохнома чунин аст:
Вазон пас ба Балх андаромад сипох
Чахон шуд зи торочу куштан табох
Ниходанд сар суи оташкада
Бадон коху ивони зар озада
Хама Занду Васто барафрохтанд
Басе коху ивон хаме сухтанд
Дар он Хирбад буду хаштод мард
Забоншон зи Яздон пур аз ёд кард
Зи хуншон бимурд оташи Зардхушт
Надонам чаро Хирбадро бикушт
Дуруд бар фарвахри Пайгамбар Ашу Зартушти Испитахмон
Дар панохи ростй бошед!
Posted in Ашу Зартушт | Tagged: Ашу Зартушт, Офарингон | Leave a Comment »