Ки Яздон аз ночиз, чиз офарид?
Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп
Ба хушнудии Ахуро Маздо
Дуруд бар фарвахри Маздяснон!
Пурсишхои зебо ва вижае хастанд, ки посухи онхо чунин хохад буд:
1. Оё Яздон чахонро аз ночиз (АДАМ) офарида аст ё…?
Посух: Боястй бигуям ки на. Дар чахонбинии Ашу Зартушт ва ё дини бехй Ахуро Маздо чахонро аз 7 фирузаи худ, ки 7 Амшоспанд мебошад офарида аст. Ин 7 Амшоспанд бадин шумор мебошанд:
Сипантомину – хиради офариниш
Вахуман – андеша ва маниши нек
Урдубихишт – бехтарин ростй ё АША
Шахривар – шахоншохй ё фармонравои эзадй
Испандормарз – мехр ва фурутанй
Хурдод – расой
Амурдод – човидонагй
Пас кутох сухан он ки Ахуро Маздо чахонро аз ночиз наёфарида аст ва аз 7 фирузаи худ офариниш карда аст ва аз ин руст ки хар офарида дар ин чахон арчманд ва эзадй мебошад.
2. Оё хар офариниш дар чахон хамвора бо Яздон аст?
Посух: Ахуро Маздо чахонро бар пояи ДОТЙ (конун) ба номи ДОТ АША офарида аст ва ин дот аст, ки чахонро хар руз ба пеш меронад. Пас бар пояи ин дот дигар ниёзе нест ки Яздон хар руз дар кори чахон даст бибаранд. Чи биофаринад ва чи вайрон кунад.
Бо он ки ин 2 пурсиш бисёр жарф хастанд, умед аст ки ин посухи кутох басанда бошад. Агар набуд бигуед, то навишторе чудогона перомуни офариниш бинависам.
Дар панохи ростй бошед!