ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Чашни Мехргон хучаста бод!

Posted by zandguy on October 2, 2008

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар Шумо Ирониёни Нажода.

 

Чашни Мехргон дар Мехрруз аз Мехрмох бо гохшумории Авестой, баробар ба 10 Мехр аз мохи Мехр бо гохшумории кунунй бар Шумо идун бод.

Чашни Мехргон пас аз чашни Наврузи Чамшедй бузургтарин ва бошукухтарин чашни иронй ва дини бехй мебошад. Аз ин руст, ки бисёре аз шоханшохони бузурги бостон, ба вижа бархе аз Анушервони Сосонй дар ин руз точ ва кулохи подшохиро бар сар гузоштанд ва ба эзади Мехр савганд хурдаанд, ки то пои марг аз кишвар (Ирон) ва дини поки Ахур Мазд пуштибонй кунанд. Хамчун Анушервон Шопури дуввум ва Бахроми Гур.

Чашни Мехргон дар Мехрруз аз Мехрмох огоз мешавад ва дар рузи Ром пас аз 6 рузи чашн ва пойкубй ба поён мерасад.

Нахустин рузи Мехргонро Мехргони мардумон мегуфтанд. Бадин чам (маъно) ки дар рузи нахусти чашн подшохон бор медоданд, то мардумон ва ё дастгохи Востарюшон битавонанд сухани дили худро бепарда ва озодона ба шоханшох бигуянд. Яке аз забонзадтарин подшохоне ки чунин мекард Хусрав Анушервони Додор, ки дуруди яздон ва амшоспандон бар эшон бод, буданд.

Рузи пасин аз Мехргонро, ки Ромруз мебошад, Мехргони Бузург мегуфтанд. Бадин чам, ки бузургони Ирон ба кохи подшох хонда мешуданд ва пас аз ситоиши Ахуро Маздо ва Амшоспандон ва хамин гуна арч гузоштан ба подшох ба пойкубй ва майгусорй мепардохтанд. Аз ин ру ки боястй хар бехдин вижа будани чашни Мехргонро дарбиёбад ба суханони Вахшури Бузурги Ориёй гуш фаро медихем.

Ашу Зартушт мегуяд: Мехргони Мардумон ва Мехргони Бузургон, хар ду дар шукух ва бузургй якест. Пас харду онхоро чашн бигиред.

Чашни Мехргон аз ду ру дар фарханги Ирони Бостон ва дини бехй вижа аст.

Нахуст, аз диди механй. Ба гуфтаи фарханги дини Маздясно: чун Анушервон Фаридун – Шохи Пешдодй фарзанди Обтин ва Фаронак аз тухми Чамшеди Чам бо кумаки Кова, ки аз охангарони Испахон буд, Биваросп (Заххоки тозй)-ро шикаст бидоданд, рузи Мехр аз мохи Мехр буд ва дар Ромруз аз хамин мох буд, ки Фаридун – Шох, Ажидахокро дар кухи Дамованд зиндонй кард ва кулохи шоханшохиро бар сар ниход. Бо фармони эшон аз он руз ба пасро то имруз чашн мегиранд.

Мехргонро дар Авесто Митракана мегуянд.

Дуввум аз диди динй. Хамон гуна ки медонед, мехр ба чами паймон, савганд ва дустй аст ва эзади мехр, ки яке аз вижатарин эзадони дини бехй аст, нигахбони паймонхое аст, ки бар замин миёни мардумон баста мешавад.

Дар Мехряшт омадааст: Агар касе дар хафтумин кишвар паймон ва савганди худро бишканад эзади Мехр ки хазор гуш ва хазор чашм дорад, вайро хохад дид ва ба подафрох (подош) хохад расонид.

Хар сол дар рузи Мехргон, Мугон ва бехдинони дигар савгандхои худро нав мекунанд ва аз эзади Мехр мехоханд, ки онхоро як соли дигар дар нигох доштани савганд ва паймонашон ёрй намояд. Аз миёни савгандхурдагони Мехргон ду гурух хастанд, ки беш аз дигарон аз эзади Мехр ёрй мечуянд:

Яке мугон (хирбадон, мубадон ва…) ки савганд хурдаанд то пояи марг нигахбони оташи човидон ва дини поки Ахуро маздо бошанд.

Ва дигаре хамсарон, ба вижа занон ва мардони чавон хастанд, ки ба пойбандй ба хонавода ва фарзандон савганд мехуранд.

Чашни Мехргон бар Шумо идун бод!

Дар панохи ростй бошед.

 

Анчумани Бузурги Дастурон-Мубадони Язд

 

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: