ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Дин ва хувият: созанда ё вайронгар?

Posted by zandguy on October 6, 2008

Дин ва хувият: созанда ё вайронгар?

Навиштаи Мубад Комрон Чамшедй

 

Медонем, ки бар асоси фалсафаи зартуштй-готхой, дин яъне донистан ва огохй аз дониши ростини зиндагонй, ба гуфтаи дигар фалсафаи дини готхой рах ёфтан аз чахоншиносй ба худшиносй ва аз худшиносй ба худошиносй аст.

Албатта медонем, ки ин гуфтахо ва фарозхо зебо буда ва ба гуш ва зехн зебову шоиста ва хирадмандона мерасанд. Аммо мавзу ин аст, ки дар амал, расидан ба дониши ростин ё чахоншиносиву худшиносй ва аз ин рох ба худошиносй расидан коре нест, ки огоз ва поёни он хамчунин фароянди он бо резакорихояш рушан бошад. Аз суи дигар, метавон гуфт, ки хар дин ва бовар низ дониши худро дар мавриди чахони хакикат дониста ва аз он дидгох чахон ва худро таъриф ва бозшиносй мекунад.

Ба хар руй, ин як таърифи зербиной аз дини иронй-зартуштй аст. Дар вокеъ, ин инсон аст, ки дар марказ карор гирифтааст ва худу худовандро шиносой ва пайдо мекунаду мефахмад. Аммо дар он суй, адёни бузурге вучуд доранд, ки худо-марказ хастанд, ба ин мафхум ки дин мачуае аст аз дастуроти худой ва илохй аз суй худованди чахон, аз рохи паёмбароне, ки бо хамаи вижагихояшон танхо расонандагони паём ва дар вокеъ «фармонхо» будаанд. Инхо ба чои худи ин калам бештар аз ин вориди ин макола намешаванд.

Бино бар табиати инсон ва мадоричи пеш аз таърихиву даврони таърихии зиндагиаш фархангхои гуногуне дар чахоргушаи чахон падид омада ва бо адёни гуногун ончунон гирех хурдаанд, ки гох фарханги бумй низ номи дин ба худ гирифтааст. Ончунончй бахши мухимме аз «хувияти» динй ва фарханги мардумон аз бароянди чунин омехтагй шакл ёфта аст. Ин хувият ду накши бисёр мухим ва носоз (мутазод) дар чунй ва чигунагии (кайфияти) зиндагонии мардум ва пайванди миёни онхо бозй мекунад:

1. Ба «хастй»-и мардумон маъно ва накш медихад, чахорчуби арзишхоро месозад, то бовар биёфаринад ва ба хам наздикашон кунад.

2. Аз суи дигар, хувият ба манзалае тарафи бастхое мешавад, ки неруи чорй ва озоду офаринандаро ба шакли бастхое догм ва хушк дармеоварад, ки агар бо догмхои мавчуд дар дунё ру дар ру карор гирад, сарчашмаи бархурдхои хамешагй мегардад.

Бинобарин ормонитарин шеваи зиндагонй барои як хамзистй ва хамсоягй дар оромиш дар ин чахони хокй метавонад ба гунае бошад, ки миёни чахорчубхои арзишгузорй ва бовархое, ки инсонхо ба манзури табйини чахон доранд, хамохангй ва тавозунй вучуд дошта бошад. Зеро ин бовархо ба манзалаи сарчашмае хоханд буд барои чораандешй дар зиндагй ва умед ба оянда.

Баростй гуфтугуи асосй бар сари он аст, ки «хувият» чигуна метавонад арзишсоз ва созанда бошад, бачои он ки догмсоз гардад ва вайронгар.

Барои рушантар шудан намунахое меёварем. Нахуст чанд намуна аз чанбахои носозандагии хувият:

– Хангоме ки намудхои зохири фархангй-биологй, монанди нажод, забони гуфтугу ё «забони дин» ва хатто даст бурдан дар шакли худододии олоти чинсии писарон ва хатто духтарон, чузве аз аришхои динй ба шумор меоянд ва бар асоси онхо ихтилоъ ва чудоии бунёдин миёни инсонхо арзишсозй мешавад.

– Пайдо шудани чизхо ва маконхои «мукаддас», ки хам метавонад арзиш ва асари мусбат ва хам манфй бар руи равобити инсонй ва чавомеи динй дошта бошад. Каме бияндешем дар мавриди падидахое монанди «Байтулмукаддас», Исроил, Макка… ва мушкилоти перомуни онхо, китобхои динй ва хатто паёмбар ва имомон ва гайра ки «таасуб» бар руи онхо ва «мукаддас» донистанашон, ба гунае ки хар сухани тардидомезе дар мавриди онхо  ба душманй ва дигарозорй меанчомад.

– Мухимар аз хама, хушкандешии инсонхо дар дидани чахон аз як дидгохи хушки чузмй ва дар натича тоб наёвардани андешаи мардумоне, ки гетиро ба шева ва ранги дигаре мебинаид ва бовар доранд, ки саранчоми талхи он бархурдхо ва чудоихост.

Ва аммо чанбахои мусбат ва созандаи хувият метавонад чунин бошад:

– Фарханги муштарак (суннатхо, оинхо, забон, миллият) коргузоре (омиле) аст барои хамохангй ва ягонагии инсонхо, дасти кам дар чахорчуби он фарханг.

– Дастрасй ба як чахонбинй.

Дар инчо бо ду таркиби вижа ру ба ру мешавем:

1.       Хувият ба манзалаи фарханг.

2.       Хувият ба манзалаи чахонбинй ва системи боварй.

Бахши нахуст, ки хуввияти фархангй аст, хох нохох падид меояд, чунки бунанаш табий ва барои зиндагии ичтимой лозим аст.

Нуктаи шоёни таваччухи чахонбинй ва системи арзишгузорй аст, ки метавонад хувияти фархангиро, чи дар даруни худ ва чи дар бархурд бо системхои дигар созанда ва ё вайронгар созад.

Ин пешгуфтор моро ба чунин бароянде мерасонад, ки «системи боварй» созанда ва фарогири он аст, ки хамагонй ва чахонмадор бошад, яъне зербиной ва бунёдин, огохкунанда ва оварандаи оромиш барои инсон будан, матрах кардани ранг, мазхаб, забон, чинсият ва акидае сиёсй бошад. Агар хувияти фархангй аз чунин низоми арзишии волое бархурдор набошад, ба зидарзиш сукут мекунад, ки вайронгар аст.

Саранчом ончй ношй аз ирода ва гузиниши озоди инсон ва аз руи эхсоси масъулият ва огохй набошад ва бо хушкбоварй (догматик), чи ба шакли «фармонхои худой», чи ба гунаи «дини аввалу охир» ё «паёмбари аввалу охир» ё «сарзамини мукаддас» ё «нажоди бартар» ва «забони худой» ва гайра, зидарзиш буда ва вайронгар хохад буд, магар он ки хамаи инсонхои дунё пахновар аз як нажод, як забон, як дин, як паёмбар, як худо ва як сарзамини мукаддас бишаванд!!! Оё чунин чизе шуданй аст? Ва оё агар хаст дилхох ва идеал аст? Ба ростй то чй андоза инсонхо бояд дар ин рох фидо шаванд ва кушта шаванд то инсон «хушбахт» гардад!?

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: