ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Фарвахр дар оини Маздясно

Posted by zandguy on October 21, 2008

Фарвахр дар оини Маздясно

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри Маздяснон!

 

Дар фарханги оини Маздясно ба гуфтаи Авесто мардумон аз 5 гухар падид омадаанд, ки бадин сон мебошад:

 

Нахуст ТАН ва ЧОН, ки дар бар дорандаи колбад ва хамаи дастгоххои даруни он мебошад, хамчун дастгохи дам ва боздам, дастгохи гардиши хун, дастгоххои гуворишй ва …

Дуввум БУЙ, ки неруи хуш ва дониш аст, ки димогро ба дигар бахшхои колбад мепайвандад.

Севвум ДИН, ки ба забони сода хиради огох мешавад. (Фаромуш накунед «дин»-и арабй аз «дин»-и порсй гирифта шудааст).

Хар кас бо кумаки дин метавонад, ки некиро аз бадй биполояд.

Дини бехй – рохе, ки хирад метавноад некиро бишиносад.

Чахорум РАВОН, ки тозиён онро рух гуянд. Равон огоз ва анчом дорад, ба забони дигар човидон нест. Ин равон аст ки ба некукорй шод ва ором мешавад ба зишткорй андухгин ва ноором мегардад. Равон суи намоди хар кас аст. Хангоме ки мо мегуем ман, ин ман, ки ба забони порсй андешида мешавад, хамон равон аст ки дар паи шодй аст.

Ва панчум ФАРВАХР аст, ки бас вожае густурда аст. Аз фарвахр ба ду гуна метавон сухан гуфт:

1. Чахонбинй ва фалсафй. Дар чахонбинии дини бехй, фарвахр хамон аст ки доноёри юнонй Афлотун наздики 2500 сол пеш, аз он ба номи МУСУЛ (MOSOL) ёд кардааст. Ба каме андешидан хохем дид, ки падарони мо дар беш аз 1000 сол пеш аз гохи Афлотун фарвахр ё МУСУЛро мешинохтаанд ва бадбахтона чахониён имруз МУСУЛро, ки пояи фалсафа аст, ёфти Афлотуни юнонй медонан.

2. Фарвахр дар забони динй. Фарвахр дар дини бехй аз як су неруе ахурой хамчун Эзадон аст, ки нигахбони некукорон ва некухо, чун оташхои ахурой, куххо, дарёхо ва … мебошад. Аз суи дигар сиришти мардумон (инсонхо) мебошад, зеро хар кас дар хангоми зода шудан пок аст ва агар дар рохи ростй гом бардорад, метавонад то чашм бастан аз чахон пок бимонад.

 

Ба гуфтаи Ахуро Маздо дар Авесто фарвахр аз девон, ки хамон бадкорон дар забони динй хастанд, чудо мешавад ва ба Ахуро Маздо бозмегардад.

Шумори фарвахрхо дар чахон бешумор аст, хамчун эзадон. Онхо нигахбони некихои гуногун хамчун тани Ял Гуршосп дар Систон ё нигахбони тухми Сушиансхо дар дарёчаи Хомун хастанд.

 

Фарвахр чи намоде дорад?

 

Хамонгуна ки дидаед, фарвахр нишони дини бехй, бавижа нишони оташкада, ки нохудои дин аст мебошад.

Намои фарвахр аз ду бахш сохта шудааст.

Нахуст касе бо чомаи Мубадон бо шукухи хахоманишй аст, ки нишони Ахуро Маздо ва дини бехй ё оташкада аст.

Дуввум шохпаре аст, ки дар фарханги оини Маздясно ё Ирони Бостон нишони фаррахи эзадй ё неруи ахурой мебошад. Ин неру ба касе дода мешавад, ки аз суи Ахур Мазд барои коре вижа баргузида мешаванд. Ин кор метавонад пайгамбарй ё мубадй бошад, хамчун Ашу Зартушт ё Мубед Озарбуд Мехр Еспандон, ва ё метавонад шохе бошад хамчун Анушервон Дориюши Бузурги Хахоманишй ё Анушервон Ардашери Попакон Фарзанди Сосон ва …

 

Ба забони кутох, нишони фарвахр ин аст ки дин ва шохй даст дар дасти якдигар додаанд ва дини Ахур Мазд пуштибони касе аст, ки фаррахи эзадй дошта бошад, хамчун Анушервон Ардашери Попакон, Фарзанди Сосон.

 

Дар паонхи ростй бошед!

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: