ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Дидори Ашу Зартушт бо Бахман (Ваху)

Posted by zandguy on October 27, 2008

Дидори Ашу Зартушт бо Бахман (Ваху)

Навиштаи Мехр Нерсй

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дустон, дуруд!

 

Бароятон бахшхое аз номаи «Зодиспарам» – Мубади бузурги Нимруз, дар садаи 3 Хичрй дар Кирмонро мефиристам.

Замоне ки Ашу Зартушт, «Бахман»-ро барои нахустин бор мебинад ва хостори дидори «Ахуро Маздо» мешавад.

 

Шод бошед дар паонхи ростй!

Беруд.

 

Гумон мабар ки ба охар расид кори мугон,

Хазор бодаи нохурда дар раги ток аст.

 

Дидани Зартушт Бахманро ва фароз рафтан бо у ба суи Анчумани хафт Амшоспанд

Зартушт сй сола буд, ки пой ба сарзамине ниход ки мардумони он чахор руз пас аз Навруз панч рузи паёпайро чашн мегирифтанд (чашне ки акнун Гохонбори Медюзарм номида мешавад).

Чое буд, ки мардум чашнро дар ончо барпо медоштанд; Зартушт ба суи чашнзор рафт. Дар рох дар дашт, аз хастагй бихуфт. Дар хоб мардуми хама гетиро дид, ки аз суи Абохтар (шимол) дар ороише хамоханг ба суи у меомаданд ва пешрутар ах хама «Мидю Мох Оростоён» писари амуяш буд. Ин хоб нишон аз он дошт, ки нахуст писари амуи Зартушт ва сипас мардуми хама чахон ба у бигараванд.

Пас аз сипарй шудани он панч рузи чашн дар чашнзор, дар рузи Дей ба Мехр аз мохи Урдибихишт (15 Урдубихишт), бомдоде Зартушт барои кубидани хум ба канораи руди Доитй рафт. Зартушт оби руд бигзашт. Об нахуст то соки пои у буд ва пас то зону ва пас то болои рон ва пас то гардани у расид ва ин нишони он дошт ки дини у чахор бор фароз равад, нахуст бо Зартушт ва пас бо Хушидар ва пас бо Хушидармох ва саранчом бо Сушиёнс.

Хангоме ки аз об берун омад ва чома дар бар кард, баногох «Бахмани Амшоспанд»-ро дид, ки колбади марде некчехру рушан ва барозанда бар у хувайдо шуд. Бахман бо чомае аз нур ки дар болои баланди худ дошт аз Зартушт пурсид ки: «Кистй ва аз чй касонй? Ба чй чиз орзумандтарй ва кушиши ту барои чист?»

Зартушт посух дод, ки: «Зартуштам, аз хонадони Спитамон; дар чахон ба пархезгорй орзумандтарам, маро орзуст ки бар ончи хости офаридагор ва доноёни хешкори уст, огохй ёбам ва чандон пархезгорй варзам, то маро ба чахони пок рахнамун гардонад.»

Пас Бахман ба Зартушт фармуд ки: «Бол рав ба суи Анчумани Минуён!»

Ва Зартушт дар паи Бахман фароз рафт ба суи рушанй, ба суи Анчумани хафт Амшоспанд…

Хангоме ки бадон Анчуман наздик шуд, рушанй бадон пояе буд ки наметавонист сояи хешро бар замин бубинад. Анчумангох дар Иронвич буд, дар суи Хуросон, бар канори руди Доитии нек.

Зартушт намоз бурд ва гуфт ки: «Намоз ба Ахуро Маздо, намоз ба Амшоспандон!» Ва пас рафт…

 

Баргирифта аз китоби «Гузидахои Зодиспарам».

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: