ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Гохонбор

Posted by zandguy on November 4, 2008

Гохонбор

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри покон!

 

Дустони гиромй, аз он ру ки дусти ман Озарбарзинмехр сухан аз офариниш ба дасти Ахуро Маздо гуфтанд, бар он шудам ки чанд вожае дар бораи чашнхои Гохонбор ва чароии онхо бинависам.

Аз диди фарханги дини бехй, чахон дар 6 гох, ки 6 Гохонбор мегуянд, офарида шудааст. Фаромуш накунед ки ин Гохонборхо бо он 6 рузи офариниши Куръон ё Таврот яке нест.

Хар кадом аз ин Гохонборхо дар гохе аз сол чой гирифта аст ва чашни вижа ва оинй мебошад. Ин 6 гох гоххое низ буда, ки мардуми кишоварз дар он кишти худро бардошт мекарданд ва барои кишти ба даст омада ва ба умеди кишти некутар дар соли пасин Ахуро Маздоро ситоиш мекарданд.

Дар фарханги дин, хамчун Бундхиши бузург чуни номада аст, ки:

Ахуро Маздо чахонро дар 6 гох офарид, ки ин 6 гохро 6 Гохонбор гуянд.

Нахустин гох осмонхоро офарид. (Ин сухани донишмандони кунунй низ хаст, ки дар офариниш нахуст осмон – фазо буда ва сипас…)

Дар дуввумин гох ситорагонро офарид. (Дар забони порсии бостон ва пахлавй хамаи он чи тозиён «кора ва сайёра» гуянд, ситора гуфта мешавад ва ин низ бо дониши кунунй ё «Bigbang» якест.)

Дар гохи сеюм дарёхо ва обхоро офарид.

Дар гохи чахорум гиёхонро офарид. (Он чи ки аз гохи 4 то 6 низ дида мешавад, ба дониши кунунии мо аз заминшиносй ва падид омадани чондорон якест, зеро нахуст дар замин гиёхон буданд ва сипас…)

Дар гохи панчум чонваронро офарид.

Ва дар гохи шашум нахустин мардумон Каюмарсро офарид.

Дустони гиромй, аз он ру ки чашнхои Гохонбор бештар оинй ва динй аст то механй чун чашни Мехргон ниёзи бештаре надидам, ки дар борашон сухан бигуям. Хамин андозаро агар бидонед неку хохад буд.

 

Дар панохи ростй бошед!

 

Пурсиш: Оё офариниши хамаи чахон (обхо, гиёхон, чонварон ва …) набояд дар як руз рух дихад? Барои чй дар 6 гохонбор сурат гирифта аст?

 

Посух: Гохонборхо чун 6 рузи офариниш нестанд ва хар Гохонбор чун гутаи Куръон як руз нест, як гох (давра) аст.

Гуфта шуд ки чаро Ахуро Маздо чахонро якбора наёфарид, инро ман намедонам, чун на пайгамбар хастам ва на эзад. Бо ин хама, инро ба рушанй медонам ки ба бовари донишмандони зистшиносй ва заминшиносй чун Дарвин, нахуст гиёхон дар Замин мезистанд ва сипас чондорон падид омаданд ва дар поён мардумон (инсонхо). Ин сухани ман нест ва сухани дониши руз аст.

Инро фаромуш накунед, ки Гохонборхо гуфтаи Ашу Зартушт нест ва аз фарханги дин бармеояд ва корбурди оинй ва нишони намодин аз андешаи нажоди ориёй дорад. Вагарна яке аз бузургтарин вижагихои дини бехй, ки дар хеч дине дида немешавад ин аст ки:

Ахуро Маздо танхо чахонро офарида ва худ чун худоёни дигар – Оллох ё Яхова дар кори чахон даст намебарад. Хамаи кори чахон ба дасти 7 Амшоспандон анчом мешавад.

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: