ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Некутарин Авестохо ба забони порсй дар Ирон

Posted by zandguy on November 11, 2008

Некутарин Авестохо ба забони порсй дар Ирон

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри Маздяснон!

 

Дустони гиромй, онхое ки дар бораи дини бехй ва омузишхои Ашу Зартушт мехоханд пажухиши жарфтар дошта бошанд ниёз ба Авастое ба забони сода ва шевои порсй хоханд дошт.

Нахуст, дар Ирон Авесто ба дасти 2 донишманди бузург то кунун шево ва расо ба порсй баргардонида шудааст.

1. Авесто бо баргардони Иброхим Пурдовуд. Авастое ки эшон ба порсй баргардонидаанд, бисёр шево ва расо аст. Ва агар касе битавонад онро дар Ирон ба даст оварад бисёр бахт ёри вай буда, зеро баргардони эшон дар бозор хеле кам аст.

2. Авесто бо баргардони Чалил Дустхох. Эшон Авесторо ба забони порсии дарй баргардонидаанд ва супориши ман ин аст, ки он даста аз пажухандагон ки мехоханд Авесторо хамон гуна ки суруда шуда аст бихонанд, Авестои эшонро ба даст оваранд.

 

Чунончи касоне хостанд пажухише бар Готхо дошта бошанд, 2 баргардони Готхо дар Ирон аст, ки бехтарин баргардонхо мебошад.

1. Нахуст Готхо бо баргардони шодравон Мубад Фируз Озаргушасп. Готхои эшон ба кори он даста аз Шумо ояд ки дар паи жарфои динй, чахонбинии Ашу Зартушт хастед ва мехохед дини поки Ахуро Маздоро аз дидгохи як дини осмонй биёмузед.

2. Дуввум Готхо бо баргардони шодравон Мубад Рустам Шахрзодй. Готхои эшон ки акнун дар Ирон бисёр кам мебошад, ба кори он даста аш Шумо меояд ки мехохед паёми Ахуро Маздоро аз дидгохи маром (ахлок) ва сурудхои ахурой бишиносанд.

 

Фаромуш накунед ки номаи дини бехй Авесто мебошад ва Готхо бахше аз Авестои бузург аст ва бехдин ба хар ду ба як андоза ниёз дорад.

 

Дар панохи ростй бошед!

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: