ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Каъбаи Зартушт чист?

Posted by zandguy on November 14, 2008

Каъбаи Зартушт чист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Хамон гуна ки медонед, сохтмоне ки ба «каъбаи Зартушт» забонзад аст, дар Накши Рустам як фарсанги Тахти Чамшед аст. Ин сохтмони бостонй аз гохи бузургони Сосонй аст ва дар бораи чи буданаш ду сухани гуногун аст.

Сухани нахуст ки аз они бархе пажухишгарон ва бостоншиносон аст, мегуянд ки ин сохтмон аз барои ситорашиносй ба кор буда ва дар ин чо донишмандони бостон ва ситорашиносон ба кори пажухиш дар кори ситорагон ва осмон мепардохатанд. Ин гурух аз он ру ин суханро мегуянд ки ин сохтмон хамчун бархе аз сохтмонхои дигар аст ки аз барои ситорашиносй буда ва бо ин пайванд мекушанд ки дидгохи дувву ки ин сохтмон як оташкада буда, канор бизананд.

Сухани дуввум ки сухани дини бехй ва Анчумани Мугони Ирон ва сухани Зартуштишиносон аст, мегуянд ки ин сохтмон оташкадае буда. Ки аз барои оромгохи 4 шоханшохи бузурги Хахоманишй сохта шуда дуд. Дар фарханги дини бехй (суннати Зартуштй) хамеша дар канори оромгохи бузургон ё чойхои арчманди динй (мукаддас) оташкадае сохта мешуд ва дар он оташе ва мугоне гумурда мешуд. Кори ин мугон дар шабонаруз рушан нигох доштани оташ ва суроиши Авесто аз барои шодии равони он бузургон буда. Дар он шабонаруз мугоне буданд ки хам нигахбони оромгохи он 4 шоханшохи бузурги Хахоманишй буданд ва хам барои шодии равони онон ва рондани девон аз он оромгоххо оташро рушан нигох медоштанд ва Авесто месароиданд.

Сохтмони «каъбаи Зартушт» ворунаи он чи ки гурухе мегуянд аз барои ситорашиной наметавониста бошад, зеро:

Нахуст он ки Накши Рустам дар чои хамвор аст ва хостахои ситорашиносиро наорад ва

Дуввум сохтмони он сохтмони оташкада аст.

 

Дар панохи ростй бошед! 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: