ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

7 Амшоспандон

Амшоспандон – Вижагихои Ахуро Маздо

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд дустони фарзона!

Маздо Ахуро 7 вижагй дорад, ки хамон 7 хони дониши Ашу Зартушт аст. Дар Ясно аз ин 7 вижагй ба номи Амшоспандон (човидонон) сухан рафтааст. Ном ва вижагии он ба сухани кутох чунин аст:

1. Амшоспанд – Сипантомину, ки хиради офариниш ба забони имрузй мебошад. Маздо бо ин видагй неруи офаринишро чи дар чахони моддй ва чи дар чахони минуй ба даст дорад ва ин неру поённопазир аст.

2. Амшоспанд – Вахуман, ки дар забони имрузй андешаи нек аст. Ин вижагй бозгуи андешаи Маздо аст. Аз хамин вижагй даребед ки Маздо чун некандеш аст, даст ба корхои палид чун подафрох ва шиканча намезанад. Акнун шояд бигуед, пас марз миёни ростон ва дуругпарастон чист, ки пурсиши бисёр неку аст. Пас, хуб бишнавед дар вижагии пасин.

3. Амшоспанд – Урдубихишт, ки хамон рохи ростй ё дар забони авастой «Дот Аша» аст. Хамаи корхо дар чахони офариниш ба дасти ин Амшоспанд ё вижагй анчом мешавад. Ин Амшоспанд аст ки кори ман ва Шуморо доварй мекунад. Агар некй кунем ба некй посух медихад ва агар бадй – бо бадй. Ин ки дар Готохо ин хама аз хирад ном гирифта аст, бештар дар бораи ин Амшоспанд аст. Зеро дар забони донишмандон неруи ин Амшоспанд хамон куниш ва вокуниш аст. Медонед ки дар замин агар тухми себ корем, себ бардошт мекунем на гирду ё агар чубро дар оташ бигзорем чуб месузад. Агар касе бовари дигар дошта бошад он бовар аз руи хирад нест.

Оре, ин Амшоспанд чунин аст, кори он хамон аст ки сомон ё хангори чахони офариниш гуянд.

Агар чигунагии коркарди рохи ростиро бихохем дар забони кутох бигуем чунин хохад буд:

Ту некй куну дар Дачла андоз,

Ки Эзад дар биёбонат дихад боз.

Умедворам бо ин чанд навиштаи кутох тавониста бошам андаке аз ончи Ашу Зартушт омузиш додаро бигуям.

4. Амшоспанд – Шахривар, ки хамон шоханшохии ахурой аст. Ахуро Маздо бо чунин вижагй бар чахон шохй мекунад ва дар ин подшохй хаст, ки хама офаридахо озод хастанд ва хеч кас бар каси дигар бартарй надорад. Мо низ бояд онро намоди минуй барои худ бинихем, то бидонем ки бо дигар мардумон ва офаридахо чигуна рафтор кунем.

5. Амшоспанд – Испандормарз, ки дар забони кунунии мо мехр ва фурутанй аст. Ин Амшоспанд дар бардорандаи мехри ахурой ва фурутании Маздо дар баробари офаридахо аст. Хамон гуна ки гуфтам, Мазд чун фармонравои некест, ки дар кохи зарин нишаста бошад ва бар мо бандагон ва бардагон фармон биронад. Маздо дар баробари мо фурутан ва мехрубон аст, то мо хам дар баробари якдигар чунин бошем.

6. Амшоспанд – Хурдод, ки дар забони имрузй пурй (хамон «камол»-и тозй) аст. Ин нишондихандаи он аст, ки Ахуро Маздо дар 5 вижагии пешин аз хар кадом пуртарин аст ва хуч кас пуртар аст вай нест.

7. Амшоспандон – Амурдод, ки хамон вожаи човидонагй ё човидон аз он бармеояд. Дар ин вижагии поёнй Ашу Зартушт Ахур Маздро човидон ё бе огоз ва бе анчом медонад.

Пас оё чунин худое ман ва Шуморо подафрох мекунад?

Дуругпарастон хам ба дастовези вижагии саввум ё хамон рохи ростй ё Урдубихишт ба подафрох мерасад ва боз ба дасти хамон Амшоспанд некукорон ба подоши кори неки худ мерасанд.

Дустони гиромй, агар ончи ки гавиштам пур ва расо набуд, пузиши маро бипазиред, зеро сухан гуфтан дар як навиштаи кутох дар бораи вижагихои Ахур Мазд бисёр душвор аст.

Дар панохи ростй бошед!

Advertisements

One Response to “7 Амшоспандон”

  1. Ба Яздон, ки харгиз набинад бихишт,
    Касе ку надорад рахи Зардухишт…

    Зардушт паёмбари бархак ва дини у низ дини Ростин аст….

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: