ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Авесто

Сухане кутох дар бораи наскхои Авесто

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар хамаи некон!

Акнун ки пайваста анчуман сари онро доранд, ки перомуни бовархои Ашу Зартушт дар Авесто гуфтугу кунанд, бар он шудам ки чанд сухане кутох дар бораи чигунагии сохтори Авесто бигуям.

Хангоме ки дар оташкада ё фарханги оини Маздясно аз Авестои Бузург сухан ба миён меояд, дидгох Авестои Хахоманишй аст, ки пуртарин Авесто аст ва хамон аст ки Динкарт аз он ба доти Ахуро Маздо (конуни Ахуро Маздо) ёд мекунад. Бадбахтона бузургтарин испахбуди Ахриман, ки Искандари Гучастак бошад, онро дар оташи нодонй сузонид.

Дуввумин Авесто он аст, ки ба Авестои Сосонй ё Авестои Хусрави Анушервон забонзад аст. Ин Авесто хам бо омадани биёбонихои шамшербадаст, тарси он буд ки хама якчо ба фаромушй равад. Некуст ки дуруд бар фарвахри Мубадони Испахону Кирмон (чун Мубад Озарфаранбаг ва Мубад Озархамад) ва Сиистон бифиристем, ки бахшхое аз Авесторо имруз ба дасти мо расонданд ва онро аз чашми озмандони нодон пинхон карданд.

Имруз аз Авестои Бузург ки 21 наск буд, 5 наск ба дасти мо расида аст. Дар ин хама чанд сухани кутох аз ин 5 наск мегуям, то пайвастагон биёмузанд чигуна бояд аз омузишхои Авесто бахра гирифт.

Наски 1 – Ясно.

Нахустин наски Авесто ки мо дар даст дорем, наски Ясно аст ки дар сари он ё пеш аз он Готхо чой гирифтааст.

А. Готохо – сурудхои охангин аст, ки аз суи Ахуро Маздо бар Ашу Зартушт фуруд омада аст. Готохо нигариш ва чахонбинй (фалсафа)-и Ашуро бозгу мекунад ва ё ба забони соддатар замине аст, ки дин бар он сохта шудааст. Готохо дин нест ва чахонбинй аст, пас хеч кас наметавонад аз он бардошти динй кунад ва агар чунин кунад бидонед ки рохи дуруг рафта ва омузишхои Ашуро ба чон нашунида аст. Дар Готохо пояхои дин, ки чигунагии офариниш ва чигунагии шахриёрии Ахуро Маздо дар он мебошад, омада аст.

B. Ясно – Хар гох ва хар чо сухан аз дини бехй меравад, оханг (касд) Ясно аст, на наски дигар. Дини бехй бидуни Ясно дин нест ва аз ин руст, ки хар каси бехдин – бехдини ростин бошад, ба Ясно бовар дорад ва омузишхои онро ба чон месупорад. Касе ки Яснро арчманд надорад бехдин нест. Хамаи ситоишхо ва ниёишхои дини бехй аз ин наск сарчашма мегирад.

Наски 2 – Виспард.

Ин наск пайвастахои наски Ясно мебошад ва хамачо аз он пас аз Ясно сухан меравад. Виспард низ хамчун Ясно дар чашнхои динй ва оинй ба дасти Мубадон хонда мешавад.

Наски 3 – Яштхо.

Ин наск бузургтарин наски Авестои Бузург буда ва хамаи он хамчун номаш дар ситоиши Ахуро Маздо, Амшоспандон ва Эзадону Фарвахи покон мебошад.

Наски 4 – Хурдо Авесто.

Ин наск ки ба дасти Мубади Бузург Озарбуд Мехр Испандон, ки дуруди Амшоспандон бар фарвахри покашон бод, гирдоварй шудааст. Хурдо Авесто хама ва хама ниёишхои гуногуне ки аст, ки як бехдин дар бахшхои гуногуни зиндагиаш ба онхо ниёз дорад. Чунончи касе бихохад як бехдини ниёишгар ва ситоишгари ростин бошад, агар танхо ин Хурдо Авесторо ба гуши чон биспорад дигар аз бахрагирй аз наскхои дигар бениёз хохад буд.

Наски 5 – Ванди-дод.

Ин наск пас аз Готохо дуввумин бахши Авестои кунунй аст, ки дастнахурда ба дасти мо расидааст. Аз ин наск барои бардоштхои динй ва кумак аз фарханги дин бахра гирифта мешавад. Ванди-дод бозгукунандаи рафтори нажоде аст, ки рузе аз девори Чин то марзхои Фаронсаро ба зери даст дошта аст.

Дар поён ин суханонро ба гуши чон биспоред, ки:

– Готохо чахонбинии Ашу Зартушт аст.

– Ясно ва Виспард дини Ашу Зартушт аст.

– Яштхо, Хурдо Авесто ва Ванди-дод фарханги дини Ашу Зартушт аст.

Мо барои пайравй ва омухтани омузишхои Ашу ба хамаи онхо ниёз дорем ва чунончи касе арзиши хар наскро нигох надорад бехдин нест, ки хеч дар сипохи Ахриман хам шамшер мезанад.

Ёдоварй: Хар кадом аз пайвастагони анчуман, агар дар банде ё сухане аз Авесто душворй доштанд нишонии он суруд ва он бандро ба гурух бифиристанд, то паёми онро баробар бо чахонбинй ва дину фарханг бигуям.

Дар панохи ростй бошед!

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: