ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Бехдин кист?

1. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри Маздяснон.

Дар дини бехй ва фарханги оини Маздясно касеро, ки пайрави дин ва оини Ашу Зартушт мебошад, БЕХДИН мегуянд. Бех ба чами (маънои) нек ва рост аст ва дин ба забони дигар хиради огох мешавад. Пас бехдин – хирадманди огохе, ки ростиро бармегузинад. Дар Авесто низ бехдин ба номи ДАЕНА ВАНГХЕИ омада аст.

Бехдин шаш (6) нишона дорад, ки се (3) то аз ин нишонахо хушбахтии ин чахонро дар бар дорад ва ва 3 нишонаи дигар хушбахтй ва пирузй дар чахони дигарро ба хамрох меоварад.

Агар касе битавонад ин 6 вижагиро бо якдигар то поёни зиндагй ба хамрох дошта бошад, бидуни хеч чуну чарое дар хар ду чахон пируз хохад буд.

Дар 6 номаи оянда, перомуни ин 6 вижагй, чигунагии анчом додани онхо ва ончй ба хамрох меоваранд сухан хохад рафт.

Чунончи хар кас пурсише перомуни хар кадом аз ин вижагихо ё фирузахо дорад, метавонад дар хангоми фаро расидани онхо бипурсад.

Дар панохи рости бошед!

2.Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри Маздяснон.

ХУМАТ

Андешаи нек

Хамон гуна ки дар номаи пешин гуфта шуд, 3 фируза хушбахтии бехдинро дар ин чахон ба хамрох дорад ва 3 фируза дар бар дорандаи хушбахти ва пирузии бехдин дар чахони дигар мебошад.

Нахустин фируза аз 3 фирузахои чахони модди андешаи нек аст.

Андеша чист?

Дар чахонбинии Ашу Зартушт пушти хар пуёи, боландаги ва хар чахиш неруе истода аст, ки аз як су онро су медихад ва аз суи дигар онро ба чилав меронад. Ин неруро, ки нахустофаринанда аст ва дигарсудиханда аст андеша мегуянд.

Дар чахонбинии дини бехи пушти сари хар пуёи ва боландаги дар чахон неруи бартаре нихуфта аст, он чахишро меофаринад ва меронад. Дар Готхо ин неру ба номи Маздо Ахуро ёд шудааст. Маздо ба чами хирадманди бузург ва ахуро ба чами хастибахш мебошад, ки якчо хирадманди бузурги хастибахш мешавад. Аз Вохуман ё бахман, ки дуввумин амшоспандон аст, дар Готхо ва Авесто бисёр ёд шудааст. Ин нишонгари он аст, ки дар дини бехи ва чахонбинии Ашу Зартушт андеша то чи андоза бузург дошта шудааст.

Ашу Зартушт мегуяд: Мардон ва занон бояд бо андешаи озод дини худро баргузинанд.

Ва ё чое дигар мефармояд, ки духтарон ва писарон бо андешаи озод хамсари ояндаи худро гузиниш кунанд.

Нек ва неки чист?

Дар Авесто вожаи “вах”, ки хамон вожаи бех-и имруз аст бисёр омада аст. Барои намуна вожаи бехдин, ки аз ду вожжа бех ва дин сохта шуда аст. Бех ба чами неку рост ва дин ба чами хирад ё хуш мебошад, ки бар руи хам хирад ё хуши баргузинандаи неки мебошад.

Дар чахонбинии Ашу Зартушт ба ворунаи дигар оинхо хамчун Ислом ва дини Тарсои неки он нест, ки чун суд ва шоди ба хамрох меоварад, пас нек бошад. Аз ин ру, ки Вахшури Бузурги Ориёи ростандеш (радикал) аст, неки дар дидгохи эшон он аст, ки Ашаро ба хамрох дорад. Агар бо андешахои донишманди бузург Кант ошно бошед, ба неки хохед дарёфт, ки Ашу Зартушт некиро чи медонад.

Намуна: Шод кардани дигарон аз ин ру нек нест, ки шоди ва шод будан хуб аст. Аз ин ру коре нек аст, ки мардумон барои шод будан ва шод кардан офарида шудаанд.

Бехдин дар анчоми хар коре боясти андешаи нек ба хамрох дошта бошад, чун агар коре бо андешаи нек огоз шавад, дар поён низ ба неки ва пирузи ба ачом хохад расид. Фаромуш нашавад, ки набуди андешаи нек андешаи бадро падид меоварад ваагарна андешаи бад ба худи худ дар чахон нест.

Дар панохи рости бошед!

3. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри Маздяснон.

ХУВАХТ

Гуфтори нек

Хамон гуна, ки дар номаи пешин навишта шуд, нахустин гухаре, ки хушбахтии бехдинро дар ин чахон ба хамрох дорад – андешаи нек ё ХУМАТ аст.

Дуввумин гухари фазоянда ХУВАХТ ё гуфтори нек аст.

Гуфтор чист?

Дар забони порсй он суханоне ки миёни мардумон дар анчом аст – гуфтор меноманд. Дар хар гуфтор хамеша ду нафар хастанд. Нахуст гуяндаи гуфтор ва дуввум шунавандаи гуфтор. Гуфор ва сухан яке аз вижатарин роххои шинохт ва омузиш дар хар хамбудгох аст. Бузургон хамеша омузишхои худро бо гуфтор ва суханони пурмагз ба дигарон омузиш додаанд. Ва ё дар нахустин гомхои парвариши як кудак гуфор абзори вижа ва корсоз аст. Пас дар зиндагии рузонаи мо мардумон гуфтор чойгохи вижа дорад.

Некй чист?

Хамонгуна ки дар омузишхои пешин гуфта шуд, дар чахонбинии Ашу Зартушт вожаи некй, чун дарёи фаррохкарти бисёр густурда аст ва аз ин руст ки бисёре ба каччй мераванд ва омузишхои ин омузгори бузургро ба нодурустй ёд мегиранд. Аз дидгохи Ашу Зартошт некй – ростй аст. Хар ончй рост бошад нек аст, чун ростй некй ё ростй ба хамрох дорад. Ростй ба чами ин ки: ростй чун рост аст, на чун ростй ба хамрох дорад, рост аст.

(Ростй дар инчо АША аст)

Омузаи гуфтори нек аз саввумин амшоспанд – амшоспанди Урдибихишт баргирифта шудааст. Урдибихишт ё ардибехешт ба чами порсй бехтарин ростй аст.

Бехдин дар харгох бояд гуфтори нек дошта бошад ва боястй гуфторхои некро ситоиш кунад.

Гуфтори нек чист?

Гуфторхои нек дар дини бехй бисёр хастанд ва навиштани хамаи онхо ниёз ба чанд наскномаи чудогона дорад. Аз ин ру, дар ни нома бархе аз вижатарини онхо ном бурда хоханд шуд.

Ростгуй

Бехдин хамеша бояд ростгу ва ростписанд бошад. Зеро дуруг вайронй ва бадбахтй ба хамрох дорад. Дар дини бехи бузургтарин гунох дуруггуй аст ва дуруггу хам дар ин чахон бадбахт аст ва хам дар чахони дигар. Ростй ва ростгуй аз дониш ва хирад бармеангезад ва дуруг ва дуруггуй аз нодонй ва торикй. Фаромуш нашавад, ки дар дини бехй дуруг – дуруг аст ва дуруги кучак ва бузург нест. Хеч гуна бахонае барои дуруг гуфтан наметавон овард. Бехдин агар чони худ ва хонаводааш ё кишвар ва динаш бар боди вайронй ва осеб бошад низ, набояд дуруг бигуяд. Ба забони кутохтар бехдин ба хеч гуна набояд дуруг бигуяд, зеро дини бехй дини ростй аст ва бехдин – ситояндаи ростй.

Арч ва арчмандй

Яке дигар аз гуфторихои нек арч гузоштан ба дигарон ба сухан – гуфтор аст. Як бехдин чй зан ва чй мард хечгох густохй намекунад ва ба вижа дар чойгохи бузургон ва бузургтар арч ва фурутанйро нигох медорад. Бехдин суханони гушадор ва тунду озордиханда немезанад. Бехдин пушти сари касе зишт ёд намекунад.

Гуфтори нек барозандаи як бехдин аст ва аз ин ру хемеша гуфторро ба некй меорояд. Гуфтори нек дуввумин гухар аст, ки хушбахтиро ба огуши хар бехдин дар хамбудгох меоварад.

Дар панохи ростй бошед!

4. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахр Маздяснон.

ХУВАРШТ

Кирдори нек

То кунун пиромуни ду гухар аз се гухаре, ки хушбахтии ин чахонро барои бехдин меоварад сухан рафта аст. Акнун дар ин нома перомуни гухари саввум, ки кирдори нек аст ва бисёр боарзиш аст, хам дар чахонбинй ва хам дар дини бехй сухан меравад.

Дар дидгохи динхои гуногун ду диди бузург ба кирдори нек ё анчоми кори нек аст:

Нахуст он даста аз динхо ки анчоми кирдор барояшон бо арзиш аст хамчун оини Маздясно ва оини Хинду ва

Дуввум он даста аз динхо ки андешаи кори нек (нияти хайр) вижатар аз анчоми худи кори нек аст, хамчун дини Буддо, Ислом ва Тарсой.

Гухари кирдори нек баргирифта шуда аз амшоспанди Шахривар мебошад ва аз ин руст, ки яке аз 3 гухари вижа – рафторгарой дар дини бехи аст.

Кирдор чист?

Дар фарханги иронй ва забони порсй кирдор он аст, ки аз хар чунбида сар мезанад ва пуёиро ба хамрох дорад. Ин пуёй метавонад хам нек бошад ва хам бад.

Кирдор меваи андеша ва хирадварзй аст, ки дар хиради хар чондоре анчом мешавад. Дар хама хамбудгоххо ин кирдори хар кас аст, ки сиришти вайро нишон медихад.

Некй чист?

Дар чахонбинии Ашу Зартушт, хамонгуна ки дар номахои пешин гуфта шуд, некй вожа ва гухари печида аст ва бисёр донишмандони динй буданд ва хастанд, ки ин вожаро нодуруст дармеёбанд ва дигар ёфтахои худро бар ин поя кач месозанд. Нек он аст, ки рост бошад ва рост он аст ки Ашаро ба хамрох дошта бошад. Пас некй он аст, ки бо Аша хамгом бошад.

Кирдори нек чист?

Кирдори нек меваи андеша ва гуфтори нек аст. Бадин чам, ки нахуст бояд андеша нек бошад, то битавонад гуфторро падид оварад ва аз ба хам пайвастани андешаи кор ва гуфтор перомуни кор, кирдори нек падид меояд.

Кирдорхои нек дар дини бехй бисёр аст ва наметавон хамаро дар як нома ном бурд. Дар ин чо 3 то аз кирдорхои нек, ки дар дин ва чахонбинии Ашу Зартушт бисёр боарзиш хастанд ном бурда мешаванд.

Нахуст шод кардани дигарон аст. Шод кардани дигарон яке аз некитарин кирдорхо мебошад, зеро шодй ва шод будан нахустин чарои офариниш аст. Ашу Зартушт дар Готхо нахустин чизеро ки барои пайравонаш аз Ахуро Маздо мехохад шодй аст ва ин нишондихандаи он аст, ки шод будан ва шодй кардан дар дин ва чахонбинии вахшури ориёй бисёр вижа аст.

Дуввуми дигар ободон кардани чахон аст, ки дуввумин чарои офариниш аст. Зеро сохтан ва обод кардани дех, шахр ва кишвар дар андешаи Ашу Зартушт бисёр вижа аст. Агар мехохед бидонед ободонй то чй андоза дар дини бехй бо арзиш аст ба нахустин амшоспандон бингаред. Амшоспанд Спентамину ки нахустин амшоспанд аст, ба чами хиради офаринанда аст ва нигахбони ободонихо мебошад.

Ва саввум кирдори нек олуда накардани чахор Ашнуг (унсур) аст. Зеро ин чахор Ашнуг ки Об, Оташ, Бод ва Хок хастанд, фазояндаи чахон мебошанд ва бе он ки шод будан ва ободон кардан сухане газоф аст. Бехдин агар ба хар гуна яке аз ин чахор гухарро олуда кунад аз дини бехй берун ронда мешавад. Бехдин бояд дар пок нигох доштани ин чахор гухари зиндагибахш бикушад.

Андеша, гуфтор ва кирдори нек – 3 гухаре хастанд, ки хушбахтй дар ин чахони хокиро барои бехдин ба хамрох доранд. Ва агар хар бехдин дар зиндагии худ аз ин 3 гухар пайравй кунад, дар зиндагии н чахонаш хушбахт ва шодмон хохад шуд.

Фаромуш нашавад, ки ин 3 гухар гуфтаи худи Ашу Зартушт дар Готхо нест ва дарёфти бузургони дин аз чами 3 амшоспандон аст.

Дар панохи ростй бошед!

5. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахр Маздяснон.

Дар ин нома, ки панчумин нома аз сери номахои “бехдин кист?” мебошад, огози сухан рондан аз он гухархое мебошад, ки хушбахтии бехдинро дар чахони дигар ба хамрох дорад. Дар ин нома ва ду номаи поёнй перомуни 3 омузиши бузург сухан меравад. Ин 3 омузиш, ки хар кадом дар чои худ хоханд омад, аз вижатарин омузишхои дини бехй ва нишони як бехдини ростин аст. Бад-ин чам, ки агар касе битавонад ин 3 гухарро дар зиндагй ба кор бандад аз хушбахттарин мардумон хохаж буд.

РАШАН

Ростгуй

Хамон гуна ки хама ирониёни кунунй ва анирониён медонанд, ирониёни бостон ва бехдинон дар Ирон ва Хиндустон бо ростгуй забонзад хастанд ва дар Ирон бехдинонро бадин вижагй мешиносанд.

Эзади Рашан нишони ростй ва ба вижа ростгуй аст. Бо ин хама фаромуш нашавад, ки ростй, ки аз Рашан баргирифта мешавад ба ростй, ки аз Аша гирифта мешавад, замин то осмон яке нест. Зеро ростии Рашан ба чами ростгуй ва дурусткирдорй аст ва ростии Аша вожае бас жарф аст, ки дар майдони чахонбинии Ашу Зартушт баррасй мешавад, то дар майдони динй.

Ростгуй чист?

Суханеро ки баробар бо ростй рузгор бошадро сухани рост мегуянд ва суханронро ростгу мегуянд.

Дар омузишхои Вахшури Ориёй ва дини бехй бар ростгуии бехдинон – маздяснон бисёр сухан рафтааст. Ва дар дини поки Ахур Мазд дуруггуй ахриманй аст ва бузургтарин гунохон аст. Бад-ин чам, ки харгуна дуруг ва сухани норост дуруг аст, чй кучак бошад ва чй бузург. Бехдин барои хар дуруги кучак ва бузург подафрох (подошт) мебинад ва дар дуруггуй бахшише дар кор нест. Аз ин ру аст, ки хамеша бехдинонро ба ростгуй суоприш шуда аст.

Дар яке аз шохахои дини Буддо ба номи Махаяна ё Гардуни бузург ин бовар аст, ки дуруги судбахш некуст ва пайравони ин шоха бовар доранд, ки худи Сизарта Буддо барои огох кардани мардумон борхо дуруг гуфта аст. Фаромуш нашавад, ки дар дини бехй хеч гуна дуруге пазируфта нахохад буд.

Ростгуй дар чахони дигар ва чахони минуй

Хамон гуна ки дар фарханги дини бехй ва ба вижа дар Хурдо Авесто супориш шудааст, эзади Рашан яке аз 3 эзадест, ки парвонаи гузар аз пули Чинвотро медихад. Ва агар парвонаи ин эзад набошад ё яке аз ду эзади дигар, фарвахри гузаранда наметавонад аз пули Чинвот бигузарад ва ба Рушной, ки Ахор Мазд аст, нахохад расид.

Пас бо ин гуфтор бехдин бояд дар ин чахон ростгу бошад ва хечгох дуруг нагуяд, то дар рузи растохез битавонад ба осонй аз гузари Чинвот бигузарад.

Истодани эзади Рашан бар сари гузари Чинвот ва санчиши ростгуии гузарандагон нишондихандаи он аст, ки барои хушбахт будан дар чахони дигар ва рафтан ба мину (бихишт ва чахони дигар) ростгуй ва ростй ниёз аст.

Хамон гуна ки дар ин нома дида шуд, ростй ва ростуй яке аз бузургтарин вижагии хар як бехдини ростин аст. Ва ин гухар яке аз 3 гухарест, ки хушбахтй дар чахони дигарро ба хамрох меоварад.

Дар панохи ростй бошед!

6. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахр Маздяснон.

Хамон гуна ки дар номаи пешин навишта шуд, нахустин гухаре, ки хушбахтии бехдинро дар чахони дигар ба хамрох дорад, Рашан ё ростй ва ростгуй аст.

Дар ин нома перомуни дуввумин гухар сухан меравад.

Сурувашй

Фармон бурдан аз суханони Ахурой ё Мантрех

Сурувашй дар Авесто хамон суруш дар забони порсии кунунй аст.

Суруш – касе, ки аз фармонхои Ахуро Маздо ё Ясно пайравй мекунад.

Ба гуфтаи Авесто эзади Суруш нахустин касе аст, Барсам густаронд ва Ясна (ситоиши Ахуро Маздо) хонд. Харгох сухан аз дини бехй ба миён меояд, бидонед ки хости 72 Ясна аст.

Куштй ки хар бехдин бояд бар камар бибандад, тобидашуда аз 72 тори пашми гусфанд аст. Ин 72 тор намоди 72 Ясна аст. Бехдин бо бастани куштй бар камар ба Ясна ё суханони Ахурой сар менихад ва кори рузонаи худро бо омузишхои 72 Ясна, ки дини зартуштй аст яксон мекунад. Ва банди ду сари куштй ба намоди андеша, гуфтор ва кирдори нек аст.

Касе ки ба Ясна бовар надошта бошад ва бадон рафтор накунад бехдин нахохад буд. Зеро ончй Ахуро Маздо фармуда аст сарпечй карда ва арзиши омузишхои динро нигох надошта аст.

Пас сар ниходан ба фармони Ахурой яке аз 3 гухарест, ки парвонаи гузар аз Чинвотро ба бехдин медихад. Ва агар бехдин ин гухарро ба хамрох надошта бошад, равонаш ба мину нахохад рафт ва дар торикй нобуд хохад шуд.

Готхо чахонбинй ё фалсафаи Ашу Зартушт аст ва Ясна дини Ашу Зартушт аст. Готхо хирадро барои омухтани Ясна парвариш медихад. Ва рафтор ба Ясна аст, ки бехдин ба арчмандтарин чойгохи дини бехй, ки Ашуй аст мерасад ва фарвахраш ба Гурзуман (рушаноии бепоён ва човидон, ки чойгохи Ахуро Маздо аст) меравад.

Дар панохи ростй бошед!

7. Бехдин кист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фахрвахри Маздяснон.

Хамон гуна ки дар 2 номаи пешин навишта шуд, ростй ва фармонбардорй аз Махантрех ё Ясна ду гухар аз миёни 3 гухар аст, ки хушбахтии бехдинро дар чахони минуй дар бар дорад.

Акнун дар ин нома ки хафтумин ва вопасин номахои “бехдин кист?” мебошад, дар бораи гухари саввум сухан меравад ва нома ба поён мерасад.

Мисар

Нигах доштани савганд ва паймон

Мисари авестой ё Митари пахлавй хамон Мехр ба забони порсй аст.

Хамон гуна ки медонед, эзади Мехр яке аз вижатарин эзадон ва чашни Мехргон дуввумин чашни вижаи дини бехй мебошад. Ирониёни бехдини бостон дар чашми душманонашон, ки юнониён ва румиён буданд, бо ду вижагй хамеша забонзад буданд, ки акнун бехдинони Ирон ва порсиёни Хиндустон низ бадин ду вижагй забонзад мебошанд. Ин ду вижагй неку ростгуй ва нигох доштани савганд ва паймон (хушкавлй) мебошад.

Ба гуфтаи Мехр Яшт аз наски Яштхо дар Авесто, эзади Мехр нигахбони савганд ва паймонхоест, ки миёни мардумони замин баста мешавад.

Мехр Яшт мегуяд: Агар касе дар хафтумин кишвар савган ва паймони худро бишканад, аз чашми äзади Мехр пинхон нахохад буд ва эшон онро хоханд дид ва паймоншиканро подафрох (подош, чазо) мерасонад. Боз дар чои дигар аз Мехр Яшт ба Маздяснон (зартуштиён ва бехдинон) супориш мешавад, ки Маздясно савганд ва паймонеро ки бо Девясно (касе ки бехдин нест) низ набояд бишканад, зеро савганд ва паймон арчманд аст.

Ин сухани Мехр Яшт нишонгари он аст, ки савганд ва паймон нигох доштан дар дини бехй то чи андоза ба арзиш аст. Бехдин бояд ба паймонаш бо душманон низ арч гузорад.

Дар дини бехй савгандхои гуногуне аст, ки дар ин чо аз чанд савгандхое, ки бисёр вижа хастанд cухан меравад.

Нахуст савганде ки бехдин дар хангоми седрэпушй шудан мехурад, ки аз ин пас то рузе ки зинда аст, пуштибони дини бехй ва пойбанд ба омузишхои он бошад ва то расидани марг коре ворунаи дини поки Ахуро Маздо накунад.

Бехдин агар ин гунохро бишканад, аз дин берун рафта ва дучори гунохи Танохпул мешавад. Гунохи Танохпул ба ин чам аст, ки бехдин дигар наметавонад аз гузари Чинвот бигзарад ва равони вай ба торикй меравад.

Дуввум савгандхо, савгвандест ки Мугон (дастгохи рохбари дини бехй) дар хангоми муг, озарон, хирбад, мубад ва ё … шудан мехуранд. Дар ин хангом муг савганд мехурад, ки то он гох ки равон дар тан дорад, нахуст нигахбони оташи човидон ё Озар Варахан бошанд ва дуввум омузгори дини бехй ва омузишхои Ашу Зартушт бошанд. Мугон савганд мехуранд, агар чонашон ва хонаводаашон хам дар бим буданд, савганди худро нашкананд ва то паи марг ба дини Ашу Зартушт пойбанд бошанд.

Вожаи савганд бо чами Гугирд аст ва саганд хурдан хамон гугирд хурдан аст. Бадин гуна ки мугон дар савганди худ, ки бо оташи човидон савганд мехуранд, каме гугирд бар забони худ мегузоранд ва ин гуёи ин аст, ки подафрохи шикастани савганди муг ба талхии ин гугирд хохад буд. Агар муг савганди худро бишканад, хамчун Маздак аз оташкада ва дини бехй берун ронда мешавад ва Гачастак мегардад.

Саввум савганди вижа, савгандест ки миёни ду хамсар баста мешавад ва савганд мехуранд, ки хамеша ба якдигар пойбанд бошанд ва дар шодиву комёбии якдигар бикушанд. Агар яке аз ин ду хамсар чй мард ва чй зан савганди худро бишканад ва гунохи зиште анчом дихад, дучори гунохи Танохпул мешавад ва хамсари дигар метавонад вайро аз худ чудо кунад, зеро ки савганди худро шикастааст.

Чахорум савганд миёни хонавода хамчун ду бародар ва савганд миёни дустон аст, ки нигох доштани он бисёр супориш шудааст. Бехдин хечгох набояд савгандро, чй бо хонавода ва чй бо дустон зери по гузорад, зеро рафтори зишт ва нописанд аст ва аз он пас дигарон сухани вайро рост намедонанд.

Нигох доштани савганд ва паймон дар дини бехй бисёр вижа аст ва бехдин хечгох паймони худро намешиканад, зеро медонад ки агар чунин кунад, дар чахони дигар хушбахт нахохад буд.

Дар панохи рости бошед!

Advertisements

2 Responses to “Бехдин кист?”

  1. Pors said

    Дуруд бар созандаи ин торнома:

    Дусти арчманд, нахуст мехостам сипос бар Шумо бигуям. Кушиши шумо барои равшани андохтан бар Зардушти ва пояхои он барои бисёр хонандагон арзиши бепоёне дорад, ки якеи аз онхо манам.

    Дигар чизе, ки ман мехостам аз шумо пурсам он аст ки агар метавонистед дар бораи Фаровахар ва ниёзмандиву мухияти он дар чамъияти бостони (дар замони Дориуш) чи накше дощт менавиштед, бисёр хушнуд мегаштам. Зи хар кушиши шумо дар ин бора, бисёр сипосгузор хохам буд.

    Шуморо ба дурустиву неки месупорам. Тандурусту пируз бимонед.

    Падруд,

    – Порс

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: