ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Намози Ашуй

Намози Ашуй

Гуиши дурусти «Ашам Ва_Ху» ва паёми он

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри покон!

АШАМ ВА_ХУ ВА ХИШТЕМ АСТЙ.

УШТО АСТЙ.

УШТО АХМОЙ

ХИЯТ АВШОЙ

ВА ХИШТОИ АШЕМ.

Ниёиши «Ашам Ваху» яке аз вижатарин ниёишхои Авастой аст. Дар бештари ниёишхо аз ин ниёиши ахурой бахра гирифта шудааст.

Агар касе ин ниёишро он гуна ки шоиста аст ба гуши чон бишнавад паёми Ашу Зартуштро дар бораи чигунагии зиндагй дар ин чахон ва чисти бихиштро аз диди Ашу хохад донист.

Дар ин чо ин ниёиши шеворо бо баргардонаш ба порсй ба коми гушудани паёмхояш меоварам.

АШАМ ВА_ХУ ВА ХИШТЕМ АСТЙ.

Ростй бехтарин некуро ба хамрох меоварад.

Дар ин чо Ашу мегуяд танхо рохи расидан ба бихишт гом задан дар рохи рости ё «Дот Аша» мебошад ва хар кас ки дар ин рох гом бардорад метавонад дар хамин замин бихиштро бисозад.

Намунаи рушани он гохи Хахоманишиён аст, ки дар Ирон зарин мебошад ва дар он гох хама чиз бар рохи ростй буд, аз ин ру аст ки он Анушервононро дар фарханги дин шоханшохии ахурой медонанд ва касе чун Анушервон Дориюши Бузургро чонишино Ахуро Маздо бар замин мехонанд.

УШТО АСТЙ.

Шодй аст.

Дар ин чо паём ин аст ки бо гом задан дар рохи ростй аз як су бихишт фарохам мешавад, аз суи дигар шодй ва сархушй ба хамрох дорад. Фаромуш накунед ки дини бехй дини шодй ва пойкубй аст, аз ин ру аст ки Ашу Зартушт дар Готхо нахустин чизеро ки аз Ахуро Маздо барои пайравонаш дархост мекунад шодй аст. Ин дархости Ашу ва будани чашнхо дар хамаи моххои сол вижагии шодиро дар паёмхои Ашу Зартушт нишон медихад.

УШТО АХМОЙ

ХИЯТ АВШОЙ

ВА ХИШТОИ АШЕМ.

Боз дар ин банди поёнй Ашу гушзад мекунад ки бихишт ки дар хамин замин аст ва шодихои он танхо барои касе фарохам хохад буд, ки дар рохи ростй гом бардорад.

Чанд ёдоварй:

Нахуст ин ки бихиште ки Ашу Зартушт мужда медихад чун бихишти динхои иброхимй дар осмонхо нест ва хаминчо дар замин аст.

Бихишт ончост к-озорй набошад,

Касеро бо касе коре набошад.

Бихишти Ашу хуриёни чиёхчашм ва тахтхои равон ва чуйхои шир чун достони хазору як шаб надорад. Ашу мегуяд бо нигох ба ниёиши «АШАМ ВА_ХУ» хар кас ба пайравй аз рохи росте ки Амшоспанд Урдибихишт нигахбони он аст ва бо кушиш ва неруи бозуи худаш метавонад бихиштро дар хамин замини хокй бисозад.

Ва дуввум ин ки шодй ва пойкубй ахурой аст ва гиряву андух ахриманй.

Аз ин ру аст ки бехдинон рузи даргузашти Ашу Зартуштро низ чашн мегиранд ва барои фарвахри он вахшури бузург ниёиш мекунанд ва пас аз авестохонии Мубадон даст ба шодй ва пойкубй мезананд.

Дар панохи ростй бошед!

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: