ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Оини седрэпушй

Оини седрэпушй

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри покон!

Хар дин ва оине барои худ нишони вижа дорад, ки баргирифта шуда аз бовархо ва чахонбинии он дин мебошад. Барои намуна, яхудиён банде ба камар мебанданд ва кулохе кучак бар сар мегузоранд. Дар дини бехй нишоне ки аз бехдин нахуст ба чашм меояд седрэ ва куштй аст. Медонед ки хар кас ки бихохад ба дини Масех биравад боястй ба дасти рахбарони он дин бо об пок шустушу шавад (хамони гусли тамид). Дар оини Маздясно низ хар кас бихохад ба дин дарёбад бояд ба дасти дастгохи оташгох чун Хирбадон ва Мубадон ва … бо гузаронидани оини вижа ва хондани ниёишхое аз Авесто седрэпуш шавад.

Седрэ пирохани сапеде аст, ки хар бехдине ки седрепуш шуда, бояд бар тан дошта бошад. Ин пирохан ё хамон седрэ аз он ру сапед аст ки нахуст сапедй нишони дини бехй аст ва дуввум он ки бехдин бояд харгуна олудагиро аз худ дур кунад, зеро хамонгуна ки медонед ранги сапед зуд нопокиро нишон медихад. Сепрэ аз пашми гуспанд бофта мешавад.

Куштй банде ё шоле аст, ки бехдин онро бар руи седрэ мебандад. Авастои ин вожа «костй» – ончи ки ба камар баста аст, мебошад. Хар куштй аз 72 тори пашми гуспанд бофта мешавад. Ин 72 тор нишони 72 Яснои Бузург мебошад ва гуфта мешавад бо бастани куштй, ки як оини бостонй аст, Ахриман дур мешавад.

Ба гуфтаи фарханги дин ду суи куштй хар кадом 3 банди кутох аст ки нишони:

· Андешаи нек

· Гуфтори нек ва

· Кирдори нек

мебошад.

Куштиро ба гунаи вижа 3 бор ба миёни камар мебанданд. Дар хангоми хар низоми намозхои 5 гох ё намозхои рузона бо оини вижа боз ва баста мешавад. Ин куштй хамон камар бастан ба коре аст ки миёни дарвешон низ аз он сухан меравад.

Варзиши куштй (гуштингирй) гирифтан, ки яке аз 2 варзиши ноби иронй аст (дуввумин варзиш чавгон аст) хамин гирифтани банди камар ва замин задании душман буда, чун дар бостон ё хануз дар бисёре аз рустохо банд ё шолй ба камар мебанданд. Агар Шохномаро бихонед чунин куштй гирифтаниро хохед дид.

Дар панохи ростй бошед!

Оини куштй бастан

Навиштаи Исфандиёр Озармехр

Нахуст бо дастони барафрошта ва куштй рўи ду даст «Ба хушнудии Аҳура Маздо»-ро мехонанд:

Хшнавтра аҳуроҳе маздоу

Ҳумата, ҳухта, ҳуваршта

Разештиё чистиё маздадотиё

Ашунё даенё вангҳуо маздо яснуиш

Атвеставто авҷойи маздо ангҳочо

Яват ашо тавочо исойичо

Дото ангҳеуш аредат вуҳу манангҳо

Ҳай тиё вареш том ҳйат васно

Фрашу темем, стуми ашем

Ба хушнудии Ахура Маздо

Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек

Пас аз он «Суруди Ростй»:

Ашем вуҳу ваҳиштем астй

Ушто астй

Ушто аҳмои ҳйат ашои ваҳиштое ашем

Ростй бехтарин некист, хушбахтист.

Хушбахтй они касест, ки ростиро танхо барои ростй бихохад.

Пас аз гирди миён ду бор тоб додан, дар пеши миён ду гиреҳ баста мешавад, ки «Аҳунавар»-ро як борй барои ҳар гиреҳ мехонанд. Гиреҳҳоро бояд ҳангоми ба калимаи «шявтананом» расидан банданд.

Ято аҳу ваирйу ато ратуш ашот чит ҳачо

Вангҳеуш даздое манангеҳу

Шявтананом ангҳеуш маздое

Хшатрем чо аҳурои ойим

Дрегубию дадат восторем

Сарвар ва рахбари ростинро ба дурустй бояд багузид,

Ин баргузиниш хосили андешаи нек аст,

Корхои зиндагй бояд ба ном ва барои Ахуро Маздо анчом шавад

Шахриёрии ахурой арзонии касе бод, ки дар ободии чахон хамекўшад.

Ду гиреҳи пуштро бо як бор хондани «Суруди Ростй» мебанданд:

Ашем вуҳу ваҳиштем астй

Ушто астй

Ушто аҳмои ҳйат ашои ваҳиштое ашем

Ростй бехтарин некист, хушбахтист.

Хушбахтй они касест, ки ростиро танхо барои ростй бихохад.

Баъд бо ду даст куштиро дар пеши миён дошта «Фравароне»-ро мехонанд:

Маздаясну аҳми

Маздаясну заратуштриш

Фравароне

Остутасчо фраваретасчо

Остуе ҳуматем ману

Остуе ҳухтем вачу

Остуе ҳварштем шявтанем

Остуе даеном вангуҳим

Моздаясним

Фраспояу хедром

Низосни тишем

Хаетва датом

Ашо уним

Ё ҳойити ном чо

Бушйе интӣном чо

Мазишточо ваҳишточо сраишточо

Ё оҳу ириш

Заротуштриш

Аҳурои маздои виспо вуҳу чи наҳми

Аешо асти даенаёу моздаяснуиш

Осту итиш

****

Ҷаса ме авангҳе маздо

Ҷаса ме авангҳе маздо

Ҷаса ме авангҳе маздо

Бармегузинам, ки зартуштй бошам,

Зартуштии маздопараст

Бо ситоиш ва бовари устувор

Андешаи некро меситоям

Гуфтори некро меситоям

Кирдори некро меситоям

Дини бехини маздаясниро меситоям

Ки юги бардагиро меандозад

Ва чангафзорро канор менихад

Ки озодибахш асту ростин

Ки аз хар равише ки хасту хохад буд

Мехтарину

Бехтарину

Зеботарин аст.

Ки худодода асту зартуштист

Ахуро Маздоро саршор аз хубихо медонам

Ин аст ситоиши дини маздаяснй

Дар охир ҳама даст ба дасти ҳам дода «Суруди Ягонагй»-ро месароянд:

Ҳамозур бим

Ҳамозури ҳамоашу бим

Ҳамозури вишкарфе бим

Ҳамкарфейе карфекорон бим

Дур аз ваноҳу ваноҳкорон бим

Ҳамкарфейе бастакуштиёну некону веҳони ҳафт кишвар замин бим

Вед ворни ё додори Оҳрмазд

Ба хам оему зўр бошем,

Хамнерў ва росткор бошем

Хамнерў ва ва саршор аз накўй бошем

Бо накўён хамово бошем

Дур аз гуноху гунахкорон бошем

Хамкори бастакуштиёну некони бехони хафт кишвари замин бошем

То Ахуро Маздоро хушнуд сохта бошем

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

 
%d bloggers like this: