ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Чахонбинии дини бехй

Фалсафаи дини бехй 1

Навиштаи Озарбарзинмехр

Дуруд бар дустони Анчуман!

Пас аз ин гуфтугухое ки анчом шуд, бар он шудам ки як сери нома бинависам ва хамаи мо бо фалсафаи Ашу Зартушт ошно шавем, чаро ки дар шаъни Мубади Фаррухройи мо нест ки ба мо омузиш диханд. Аммо аз эшон мехохам ки иштибоххои моро бигуянд.

Сипосгузорам. Номаро кутох менависам ки хулоса кунед ва бихонед.

Ашу Зартушт худовандро ба номхои Ахуро Маздо, Маздо Ахуро ва Маздо Ашо номида аст ки ба чами хастй бахш, сарвар, доно ва довари хастй аст.

Ончи ки Фирдавсй худованди чону хирад гутфа аст.

Гухари хастй яке, яахонй, куллй ва хамачо густарда аст. Бар хилофи андешаи динхои Иброхимй, худо чизро аз хеч офарида аст, Маздои Бузург аз он чи ки дорад хастй мебахшад. Аз ин ру офариниш бо Ахуро Маздо ва дар Ахуро Маздост.

Бедруд ва шод бош!

Фалсафаи дини бехй 1 (2)

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарзонагони гиромии Анчуман!

Дусти гиромй Озарбарзинмехри арчманд. Аз он ру ки бар ман арч менихед сипосгузорам. Ман дар чойгохи як Мубад аз суи Ашу Зартушт ду анчоми бузург дорам:

Нахуст, парасторй ва нигахбонй аз оташи човидон ки чони Иронвич аст.

Ва дуввум, нигахбонй ва омузиши ончи Ашу Зартушт дода аст.

Ман агар дустон чое ба кажжй раванд, гушзад мекунам. Бо ин хама дуст дорам, ки пайвастагони Анчуман худ даст ба пажухиш ва гуфтугу бо якдигар бизанад.

Хуб Маздоро сипос чунин хам шуда, хар кас ба андозаи тавоноияш даст ба густариши бехй мезанад ва ин бисёр неку аст.

Ёдоварй: Дусти гиромй дуруст ва он гуна ки бовари Ашу мебошад, худо дар дини бехй Маздо Ахуро аст ва он гунахое дигар хам дуруст аст ва барои пайвастан ба фарханги дин Шумо Ахуро Маздоро ба кор баред.

Маздо Ахуро ба гуфтаи Мубадони Бузурги Бостон ки пас аз Ашу Дастурони дини бехй хастанд мешавад ХИРАДМАНДИ БУЗУРГИ ХАСТИБАХШ. Хар ончи дигар ки гуфтед бисёр неку буд ва нишон аз огохии Шумо медод.

Дар панохи ростй бошед!

Фалсафаи дини бехй 1 (3)

Иронвич чист?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри хамаи покон!

Иронвич ба гуфтаи Авесто сарзамине аст ки падарони мо ё Ориёиён дар он мезистанд. Бархе донишмандон мегуянд ин сарзамин Хоразм ё Осиёи Миёна аст ва бархе дигар мегуянд Озарпойгон аст.

Бо нигох ба Авесто метавон дарёфт ки ин сарзамин хамон Озарпойгон аст. Бо ин хама бовархо бисёр ба якдигар наздик хастанд.

Ин сухани кутох дар бораи Иронвич буд, агар хостед дар ин бора дар гохе дигар номае пуртар менависам. Инро танхо аз онру гуфтам ки як ошноии кутох ба ин вожаи Авестой дошта бошед.

Дар панохи ростй бошед!

Фалсафаи дини бехй 1 (4)

Иронвич чист?

Навиштаи Озарбарзинмехр

Дуруд!

Дар Авесто, ин калима Арянам Ваэчо, ки дар забони пахлавй Иронвич шудааст (Ирон+Вич=Тухма ва Нажод), маънои он нофи Ориё ва тухма ва нажоди Ориё аст…

Дар Авесто дар Вандидод аз он ёд шуда, ки маркази аслии Ирониён аст ва гуфта шуда ки сард аст. Дар як матни пахлавй ба номи «Андар нишастан ва маскан ба Албурз» низ гуфта шуда аст ки «зимистон дев ба Иронвич подшохтар аст» ва аз навиштахои кухани динй пайдост ки дар Иронвич 10 мох зимистон ва 2 мох тобистон буда. Он 2 мохи тобистон низ сардоб, сардзамин ва сардгиёх буда, ки хамин калиди арчмандии оташ бар Иронвич аст. Дар мавриди Иронвич ихтилофи назар бисёр аст. Баъзе онро Озарпоткон, бархе Балх, бархе Хоразм медонанд.

Дар Вандидод ончо ки аз Иронвич ном бурда шуда пас аз он Синду Балх ва Марву Нейсо ва Хирот ном бурда шуда аст.

Ва Ироншахр дар замони Сосониён ба номи Ирони фархангй (Озарбойчон, Арманистон, Афгонистон, Точикистон, Узбекистон ва…) нисбат дода шуд. Ироншатрй ба маънии Иронй ва Аниронй бамаънои хоричй ва наиронй шуд.

Албатта имруз ки мр дар номахоямон аз Иронвич бахра мебарем, мурод хамон Ироншахр аст.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 2

Навиштаи Озарбарзинмехр

Ба ёрии Яздон!

Дар суннати зартуштй хилкат аз хеч пазиро нест, чун хилкат хамеша бо худо ва дар худо буда аст. Фалсафаи зартуштй хамеша ба назари офариниш дар 6 руз нобоварй нишон додаанд. Фаррухмардон аз фалсафаи Зартуштй дар номаи «Гумоник Вичар», ки дар форсй бо тарчумони «Гузориши Гумон Шикан» дар даст дорем менависад: «Агар худо танхо бо ирода ва як фармон, замин, осмон ва чахонро аз хич халк кард, диранги  шаш рузааш аз чй будааст? Агар хуршедро дар рузи чахорум офарид хисоби шабонаруз пеш аз он чй гуна будааст? Анчоми як кор бо як фармони фармондихандаро хаста намекунад, то ниёзе ба як рузи истирохат дошат бошад. »

Фаррухмардон баёни хилкат дар 6 рузро дар шаъни бузургии Яздон намедонад. Эшон тавсифи шакли Замин пеш аз офаринишро низ мавриди пурсиш карор медиханд ва мепурсанд: «Агар пеш аз офариниш Замин бе шакл, тихй ва торик буд, пас бояд бекарон буда бошад. Пас, ин пурсиш пеш меояд ки  хорич аз Замин (ба таваччух ба бешаклии Замин) чй буда аст? Агар Замин махдуд буд, мебояд шакле медошт ва агар шакл дошт номахдуд наметавонад бошад ва ах хеч наметавонад ба вучуд омада бошад.»

Дар хамон китоб эшон достони Одам ва Хаворо низ накд мекунад ва мепурсад:»Агар худованд медонист ки Одам ва Хаво аз дастури у сарпечй мекунанд, чаро онхоро офарид? Чун бо вучуди донистани сарпечии онхо «ононро офарид ва бар онон хашм гирифт» ки ин ба адли илохй созгор надорад.»

Гуфтем ки дар Маздо ва бо Маздост. Кухан будани офариниш нахустин тафовути дини бехй бо адёни Иброхимй аст.

Тафовути дуввумин ин аст ки Ахуро Маздо офаринандаи бадй ва Иблис нест; танхо хубихоро офарида, аз хамин ру хашм намекунад, интиком намегирад, вайрон намекунад.

Дар дини зартуштй хашм, вайронгарй кори оинхоест, ки бо гузиниши нодуруст дар зиндагй бар алайхи Сипантомину икдом мекунанд. Ин бадй, хашмро Агромину меноманд.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 2 (2)

Сипос ва як ёдоварии бузург

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри поки ту зодаи Ирон ки чунин ба андешахои падаронат ошно хастй!

Ва дуруди Амшоспандон бар он Мубадоне ки «Шиканди Гумоник Вичар»-ро навиштанд ва бар саршикани андешахои ахриманй пардохтанд.

Ончй навиштед бисёр неку буд, танхо хостам барои дустон суханеро ёдоварй кунам, ки дар дини бехй ахриман ё бадй дар чахон нест ва ба гуфтаи Ашу Зартушт дар Готохо Ахриман зоидаи андешахои мост, вагарна ахриманй нест.

Агар ёдатон бошад аз рохи ростй сухан гуфтам, хар коре ки аз ин рох берун бошад, бебахра ва ахриманй аст, чи як андешаи кучак бошад, чи дини дуругини пахновар.

Дар панохи ростй бошед!

Фалсафаи дини бехй 2 (3)

Навшитаи Озарбарзинмехр

«Гуфтем ки дар Маздо ва бо Маздост. Кухан будани офариниш нахустин тафовути дини бехй бо адёни Иброхимй аст.

Тафовути дуввумин ин аст ки Ахуро Маздо офаринандаи бадй ва Иблис нест; танхо хубихоро офарида, аз хамин ру хашм намекунад, интиком намегирад, вайрон намекунад.

Дар дини зартуштй хашм, вайронгарй кори оинхоест, ки бо гузиниши нодуруст дар зиндагй бар алайхи Сипантомину икдом мекунанд. Ин бадй, хашмро Агромину меноманд.»

Пас, пурсиш ин аст ки офариниши девон ё хадеони руруг ва бадандеш ки Зартушт мардумро аз он пархез медод барои чист?

Сипантомину равони афзоянда, гухари некуй ва вокеияти созандагии 7 фирузаи Ахуро Маздо аст.

Сипанто ба чами афзоянда аст, ки бархе онро пок тарчума намудаанд.

Дар дини бехй танхо созандагй офариниш аст, вайронгарй Ангромину аст…

Душманй ва ситез бо Сипантомину дар андеша, гуфтор ва кирдор хамкорй бо Ангромину аст. Равон ва андешаи бад хамон Ахриман аст. Бадандеш, бадкирдор ва бадгуфтор чун дар ростои Ахриман аст душмани худ аст на хамкори Ахуро Маздо.

Ангромину дар андешаи мост ва ситези некиву бадй дар андешаи мост. Дар Авестои чавонтар ин дугонагии ахлокй чои худро ба дугонагии офаринишй дод, чун хазми он барои мардумон мушкил буд.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 3

Навиштаи Озарбарзинмехр

Дуруд бар хамрохони анчуман!

Чунончи дусте мехохад бештар дар бораи фалсафаи дини бехй бидонад, метавонад номаи «Диди нав аз дини кухан» навиштаи Др. Фарханг Мехрро бихонад ки сери номахои инчониб фишурдаи ин нома аст. Агар китоби дигаре дидам, онро низ ба Шумо дустони гиромй хохам гуфт.

Тафовути севвум ин аст, ки дар дини бехй Ахуро Маздо бениёз аст ва гухари расой ва камол аст. Дар дини бехй пурсиши чаро худо чахонро халк кард пурсида намешавад. Офариниш дар зоти худованд аст, офариниши инсон чузъе аз офариниши хама хастист ва ниёз ба далел надорад. Инсон ба унвони хамкори Ахуро Маздост ва бояд дар пешрафти чахон ба у ёрй расонад. Ахуро Маздо ниёз ба хамкорй надорад вале ин хамкорй барои одамй хушбахтй меоварад.

Тафовути чахорум ин аст, ки офариниши одамй куллй ва пешравандаи офариниш аст. Нисбат додани 6 Гохонбор ба 6 мархалаи офариниш низ иштибох аст.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 3 (2)

Як ёдоварй

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Бахушнудии Азуро Маздо!

Дуруд бар Шумо фарзонагони анчуман!

Ончи дустамон дар бораи чахонбинии дини бехй навиштаанд, бисёр неку ва бас рост аст.

Танхо як суханро дидам ки ниёз ба ёдоварй дорад ва он ин аст ки офариниши чахон ба 6 Гохонбор баробар аст. Ин 6 Гохонбор он 6 рузи Таврот ва Куръон нест. Онгуна ки офариниши чахон ва чахониён дар ин 6 гохонбор омада ба дониши руз яке аст. Агар дустон хостанд метавонам онро дар номаи чудогона бигуям.

Боз хам аз Озарбарзинмехри гиромй сипосгузорам.

Дар панохи ростй бошед!

Фалсафаи дини бехй 4

Навиштаи Озарбарзинмехр

Ба ёрии Маздои бок ва бузург!

Дуруд бар дустони фарзонаи ачуман!

Дини Маздясно дини озодагиву дод ва умед аст. Озодии гузиниши рохи зиндагй, умед ва бархурдорй аз бехтаринхост.

Озодй ва озодагии Ирониён арчмандтарин доди худой аст. Ба хамин далел Ирониёнро озода меномиданд ва Сарв нишони намодини Иронии озода буда ва хаст.

Накши терми хамон сарви озода аст, ки хамшуда ва намоди Иронии охода ва фурутан аст.

Дар дини Ашу Зартушт аз ихтиёр ва озодии гузиниш чонибдорй мешавад.

Гунохи огозин низ чун чабр мавриди кабули дини бехй нест.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 5

Навиштаи Озарбарзинмехр

Дуруд бар дустон!

Аз кучо омадан ва ба кучо рафтан хамеша андешаи одамиро ба худ машгул нигох дошта аст.

Ашу Зартушт мегуяд ки Ахуро Маздо дар хиради худ одамиро ба гунае офарида аст ки равони пас аз марги тан ба зисти худ идома медихад.

Хамчунин ба у абзорхои ахурой дода, ки хубро аз бад шиносой кунад.

Шодии хамешагй ва хушбахтй дар ин зиндагй ва дар зиндагии пас аз марг аз они касонест ки бо андеша, гуфтор ва акирдори нек зистаанд.

Готхо нахустин китоби Ахуроист, ки ба рушанй аз зиндагии пас аз марг ва аз сарнавиште дар пешвози ашуён ва бадкорон сухан мегуяд.

Дини бехй ба таносух бовар надорад.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 6

Навиштаи Озарбарзинмехр

Ба ёрии Ахуро Маздо!

Готхо 2 чизро ба рушанй баён медорад.

1. Озодии афрод дар гузиниши рохи зиндагй.

2. Ва дигаре бахраест, ки аз корхо ба хар кас мерасад, яъне кошти гандум бардошти гандумро ба хамрох дорад. Хар кунише бахраи хешро дорад, чамъ ва тафрики кирдор вучуд надорад.

Подош ва кайфар хам вучуд надорад.

Подоши корхои хуб шодй ва хушбахтй ва подоши корхои бад андух ва афсус аст.

Дар дини бехй хеч кас наметавонад шафати касеро бикунад.

Бедруд ва шодбош!

Фалсафаи дини бехй 6 (2)

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

Ба хушнудии Ахуро Маздо!

Дуруд бар фарвахри покон!

Дусти гиромй, Озарбарзинмехр! Аз коре ки пеш гирифтаед ва барои пайвастагони дустдор ба чахонбинй (фалсафа)-и дини бехй сухан меронед сипосгузорам. Дар бораи ончи перомуни некй кардан ва бадй кардан дар чахони моддй гуфтед, танхо хостам сухане кучак ба ин хама вижаро гушзад кунам ва он ин аст ки:

Дар дини бехй некукорй подош дорад ва бадкорй – подафрох (кайфар) ба хамрох меоварад. Бехдин хамон гуна ки Озарбарзинмехр гуфтанд, подош ва подафрохи корхояшро дар хамин чахон мебинад. Ба гуфтаи падаронамон:

Ту некй куну дар Дачла андоз

Ки эзад дар биёбонат дихад боз.

Хар ончи дигар навишта будед неку ва рост аст.

Дар панохи ростй бошед!

Leave a comment