ДИНИ БЕХЙ

АНДЕШАИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК, КИРДОРИ НЕК

Posts Tagged ‘Мубад’

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Posted by zandguy on October 25, 2010

Чи гуна метавон зартуштй шуд?

Мўбад Комрон Чамшедй

(Баргардони Дилшод Азимов)

Posted in Авесто, Ашу Зартушт, Бехдин, Омузиш, Сиёсат | Tagged: , , , , , , , , , , , , , , , , | Leave a Comment »

Барсам чист ва чарост?

Posted by zandguy on October 31, 2008

Барсам чист ва чарост?

Навиштаи Сармубад Дастур Озаргушасп

 

Ба хушнудии Ахуро Маздо

Дуруд бар фарвахри Маздяснон!

 

Пурсиши бисёр жарфе хаст, ки Барсам чист ва оё хануз дар ниёишхо аз он бахра мегиранд ё на?

Посух чунин аст:

Нахуст барсам шохахои ба хам бофта аз гиёхе вижа буда ва хаст ки Мубадон ва ё Дастурон хангоми хондани Яснохо ё Мантреххо ба даст мегиранд. Дар чашанхо Мубадон хангоме ки барсамхоро ба даст мегиранд, нишони он аст ки хам сутуданихоро меситоянд ва хам гиёхон ки боз аз сутуданихо мебошанд.

Барсам миёни Мубадони Ирон ва Мубадони Порси Хиндустон дигаргунихое дорад.

Мо дар Ирон барсамро аз ду гиёхи вижа ба даст меоварем:

1. Аз шохаи дарахти Анор

2. Аз шохахои дарахти Морд, ки гиёхе арчманд аст ва дар богхои оташкадахо кошта мешавад.

Дар миёни Мубадони Порси Хиндустон 2 гуна барсам аст:

1. Шохахои гули Нилуфари обй ё гули Лотос. Хамон гуле ки дар сангнавиштахои Хахоманишй дар Тахти Чамшед дар дасти Шохони Хахоманишй аст.

2. Барсамхои фулузй, ки аз фулузи Беранг ба даст меояд.

Шумори барсамхо бастагй ба Ясное, ки хонда мешавад дорад. Гохе 23, 9 ё … мебошад.

Дар поён бехдинон ниёзе ба барсам ба даст гирифтан дар хангоми ниёишхои рузона ё 5 гох надорад, бадин чам ки боястагй дар кор нест ва ба худи зартуштй бастагй дорад, ки дар даст барсам дошта бошад ё на. Хуб рушан аст ки агар дар дасташ барсам дошта бошад некутар ва писандидатар хохад буд. Бо ин хама Мубад дар хангоми Ясно хонй бояд барсам ба даст бигирад, вагарна Мантреххо аз суи Ахур Мазд, Амшоспандон ё Эзадон пазируфта нахохад шуд ва ба гуфтаи Авесто нахустин касе ки барсам ба даст гирифт ва Ахур Маздро сутуд Эзад Суруш буд.

 

Дар панохи ростй бошед!

Posted in Чашнхо | Tagged: , , | Leave a Comment »